Дар давраи бозомӯзии бонувони варзишгар, ки дар шаҳри Кӯлоб аз рӯи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ «Зан ва варзиш» баргузор шуд, 33 нафар занону духтарон ширкат доштанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ рӯзи 11 ноябр Мунира Фақирова, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод.
Ӯ афзуд, “давраҳои бозомӯзӣ мувофиқи барномаи Ҳамбастагии олимпӣ “Зан ва варзиш” бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии кишвар дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи бонувони варзишгари Тоҷикистон ва кӯмаки молии Кумитаи байналмилалии олимпӣ доир шудааст. Маърӯзаҳои олимони соҳаи варзиш - раиси Ассотсиатсияи бонувони варзишгар, муовини раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Дилором Каримова ва дотсенти кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Мунаввара Саидова роҷеъ ба фаъолияти бонувон дар соҳаи варзиш, ширкати варзишгарзанон дар Бозиҳои олимпӣ, мавқеи занон дар роҳбарӣ ба соҳаи варзиш ба шунавандагон пешкаш шуданд. Инчунин дар ҷараёни машғулиятҳо варзишгардухтарон ба суолҳои худ посухҳои дақиқ гирифтанд.”
Ба иттилои хонум Фақирова, чунин давраҳои бозомӯзӣ дар манотиқи мухталифи кишвар то 30 декабри соли равон баргузор мешавад. Чунончи, имрӯз, 11 ноябр, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон марҳилаи дуюми ин барнома шурӯъ шуд, ки дар машғулиятҳо мутахассисони соҳаи варзиш аз ҷумлаи занон оид ба таэквандо WTF, волейбол, баскетбол, гимнастикаи бадеӣ, чавгонбозӣ, камонварӣ, каратэ-до, шиноварӣ ва дигар намудҳо ширкат доранд.
“Ҳадаф аз баргузории давраҳои бозомӯзӣ тарғибу ташвиқи варзиш ва ҳаракати олимпӣ миёни занону духтарон ва ба машғулиятҳои тарбияти бадан ҳарчи бештар ҷалб кардани онҳо мебошад”, - иброз дошт Мунира Фақирова.