Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ рақиби футболбозони тоҷик дар Ҷоми AFC-2016 мешавад?


Рақибони дастаҳои Тоҷикистон, ки дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 ширкат хоҳанд кард, 11 декабр маълум мешаванд.

Рӯзҳои 10-11 декабр дар пойтахти Малайзия – Куала-Лумпур, дар маркази тиҷоратии меҳмонхонаи “Hilton Petaling Jaya», семинари омӯзишии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) баргузор мешавад.

Дар ин семинар намояндагони дастаҳои ширкаткунандаи Ҷоми AFC ва Лигаи қаҳрамонҳо-2016, аз он ҷумла аз Тоҷикистон, иштирок хоҳанд кард. Дар доираи ин семинар рӯзи 11 декабр қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 доир шуда, рақибони дастаҳои Тоҷикистон низ маълум мешаванд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистонро дар Ҷоми AFC-2016, мусобиқаи аз ҷиҳати моҳият дувуми бошгоҳии қораи Осиё, ду даста намояндагӣ хоҳад кард. То имрӯз якеаш маълум аст. Ин дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, мебошад. «Истиқлол» ба ҳайси қаҳрамони ҷадиди кишвар барои ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 роҳ ёфтааст.

Намояндаи дувуми Тоҷикистон дар ин мусобиқаи пурнуфузи қитъавӣ баъди анҷоми бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015 муайян хоҳад шуд. Агар дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки рӯзи 28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода барпо мегардад, «Регар-ТадАЗ» ғолиб ояд, он гоҳ ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи ояндаи Ҷоми AFC мушарраф мешавад.

Вале агар «Истиқлол» барандаи Ҷоми миллӣ шавад, он гоҳ роҳхати дувумро аз Тоҷикистон ба мусобиқаи бошгоҳии қитъавӣ барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии кишвар ба даст меорад. Дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд” пешакӣ медалҳои нуқраро соҳиб шудааст.

Ёдовар мешавем, дастаи “Истиқлол” дар соли аввали ширкати худ дар Ҷоми AFC-2015 то ба финал роҳ ёфт. Вале футболбозони Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 дар майдони худ аз тими “Ҷоҳор Дарул Таъзим”-и Малайзия бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрданд.

Дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» барои бори панҷум паиҳам ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон мушарраф шудаанд. Дар бозиҳои ниҳоӣ байни ин ду даста ду бор “Регар-ТадАЗ” (солҳои 2011, 2012) ва ду бор “Истиқлол” (солҳои 2013, 2014) ғолиб омада, Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG