Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии “Равшан” бо “Истиқлол” дар Кӯлоб


"Равшан"-и Кӯлоб бозиро дар майдони худ бо “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Бозии мавқуфгузоштаи даври чордаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои "Равшан"-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ин бозӣ рӯзи панҷшанбеи 5 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.

Ба голи бозигари меҳмонон Зиёвуддин Фузайлов ҳамлагари мизбонон Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронӣ, бо гол посух дод. Ин мусовӣ ба дастаи “Хуҷанд” имкон дод, ки пешакӣ ҷоизадори нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон шавад.

Ёдовар мешавем, дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст. “Истиқлол”, ки бо 44 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар мақоми аввал қарор дорад, сарфи назар аз натоиҷи ду бозии боқимондааш муқобили «Барқи тоҷик» ва «Хуҷанд» медалҳои тиллои мусобиқотро азони худ кардааст.

“Хуҷанд”, ки бо 36 имтиёз дар мақоми дувум қарор дорад, бо медалҳои нуқра сарфароз мешавад. Барои ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ се даста – “Равшан”-и Кӯлоб, “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Хайр” –и Ваҳдат талош доранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии мавқуфгузоштаи даври 14-ум

"Равшан" - "Истиқлол" - 1:1

Голҳо: Зиёвуддин Фузайлов, 6 (0:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 49 (1:1).

"Равшан" (Кӯлоб): Амир Ҳоҷимуродов. Наврӯз Рустамов. Бахтиёр Қаландаров. Бенҷамин Авуку. Саидхони Амрохон. Мӯсо Содиқ. Ҳусейни Сӯҳробӣ (Шодибек Ғаффоров, 85). Зокир Абдулхайров. Гершон Акуффо. Абдурасул Раҳмонов (Абдураҳмон Нозимов, 78). Суннатулло Холов (Сайидамири Сайидаҳмад, 85).

"Истиқлол" (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев. Сиёвуш Асроров. Петро Ковалчук. Аҳтам Назаров (Ҷаҳонгир Ҷалилов, 46). Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ. Хосе Баллестер. Умедҷон Шарифов. Зиёвуддин Фузайлов. Ромиш Ҷалилов. Бледа Родригес (Хуршед Маҳмудов, 46). Дилшод Восиев.

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

5 ноябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 9000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

16

14

2

0

59-3

44

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

11

3

2

32-14

36

3

«Равшан» (Кӯлоб)

16

9

3

4

35-25

30

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

16

8

6

2

24-12

30

5

«Хайр» (Ваҳдат)

16

8

4

4

20-23

28

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

16

7

2

6

13-17

23

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

16

3

3

10

15-27

12

8

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

16

3

2

11

13-28

11

9

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

16

2

4

10

6-30

10

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

16

0

1

15

4-42

1

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 18 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 17 тӯб, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 8-тӯбӣ, Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир») – 7 тӯб.

XS
SM
MD
LG