Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ласточка” – ғолиби мусобиқаи футболи занона


Дастаи “Ласточка”-и Душанбе дар мусобиқаи футболи занона дар шаҳри Қайроққум пирӯз гардид.

Дастаи “Ласточка”-и Душанбе дар мусобиқаи футболи занона дар шаҳри Қайроққум пирӯз гардид.

Мусобиқаи футболи занона, ки дар рӯзҳои аз 22 то 25 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд бо ширкати ҳашт даста аз манотиқи мухталифи кишвар баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи “Ласточка”-и Душанбе ба анҷом расид. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мусобиқа дар доираи лоиҳаи Бюрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба варзиш баҳри рушд ва сулҳ (UNOSDP) бахшида ба 70-солагии СММ ва 20-солагии UNFPA дар Тоҷикистон барпо шудааст.

Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» чаҳор даста аз Душанбе, Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷиликӯл ва ба гурӯҳи «В» чаҳор даста аз Хуҷанд, Норак, Турсунзода ва Зафаробод шомил буданд.

Мувофиқи низомномаи мусобиқа ҳар як бозӣ 60 дақиқа идома ёфт. Бозиҳои давраи пешакии мусобиқа дар гурӯҳҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир шуд. Ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд. «Ласточка» дар бозӣ барои ҷойи аввал бар дастаи Норак бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро гирифтанд, барои ҷойи севум мубориза бурданд. Футболбоздухтарони ноҳияи Ҷиликӯл, ки дастаи шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд, мақоми севумро касб карданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ дастаҳое, ки ҷойҳои якуму дувум ва севумро ишғол карданд, бо медалҳо, ҷому ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд. Инчунин ба беҳтарин бозигарони мусобиқа -дарвозабон Моҳира Ялгалиева («Ҷиликӯл»), ҳимоятгар Дилафрӯз Шарифова («Норак»), нимҳимоятгар Наргиса Юнусова («Хуҷанд»), ҳамлагар Наталя Сотникова («Ласточка», Душанбе) ва беҳтарин нишонзан Мадина Фозилова («Ласточка», Душанбе) – ҷоизаҳо супурда шуданд.

XS
SM
MD
LG