Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи футболи занона дар Қайроққум


Аз 22 то 25 октябр дар шаҳри Қайроққум мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи занона баргузор хоҳад шуд.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи занона аз 22 то 25 октябр дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд бо ширкати ҳашт даста барпо мегардад.

Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» чаҳор даста аз Душанбе, Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷиликӯл ва ба гурӯҳи «В»чаҳор даста аз Хуҷанд, Норак, Турсунзода ва Зафаробод шомил шудааст.

Бозиҳои давраи пешакии мусобиқа дар гурӯҳҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мешавад. Ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд.Дастаҳое,ки ҷойҳои дувумро мегиранд, барои ҷойи севум талош хоҳанд кард. Мувофиқи низомномаи мусобиқа ҳар як бозӣ 60 дақиқа идома хощад ёфт.

Тақвими бозиҳои мусобиқа:

Даври 1-ум

22 октябр (панҷшанбе)

14:00 – Хуҷанд — Зафаробод

15:00 – Мастчоҳ — Спитамен

16:00 – Норак — Турсунзода

17:00 – Душанбе — Ҷиликӯл

Даври 2-юм

23 октябр (ҷумъа)

9:00 – Мастчох – Ҷиликӯл

10:00 – Хуҷанд – Турсунзода

11:00 – Душанбе – Спитамен

12:00 – Зафаробод – Норак

Даври 3-юм

24 октябр (шанбе)

9:00 – Хуҷанд – Норак

10:00 – Душанбе – Мастчоҳ

11:00 – Турсунзода – Зафаробод

12:00 – Ҷиликӯл – Спитамен

25 октябр (якшанбе)

9:00 – Бозӣ барои ҷои севум

10:00 – Бозии ниҳоӣ

XS
SM
MD
LG