Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” – ду қадам то қаҳрамонӣ


“Истиқлол”-и Душанбе бар ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври 15-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бар ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ин бозӣ шоми чоршанбеи 21 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе поён ёфт.

Голи ягонаро дар дақиқаи 15-уми бозӣ аз ҷаримаи 11-метра ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонд. Дарвоқеъ, ин голи 15-уми Манучеҳр ба шумор меравад ва ӯ ҳамроҳи Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии “Равшан”-и Кӯлоб, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа дар ҷои аввал қарор дорад.

Ҳамин тариқ, ба дастаи “Истиқлол” барои он ки пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шавад, дар чаҳор бозии боқимонда ду ғалаба ба даст овардан кофист.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 15-ум

«ИСТИҚЛОЛ» — ССКА «ПОМИР» — 1:0

Гол: Манучеҳр Ҷалилов, 15 – аз пеналтӣ.

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

14

13

1

0

50-2

40

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

10

3

1

28-10

33

3

«Равшан» (Кӯлоб)

13

8

2

3

30-22

26

4

«Хайр» (Ваҳдат)

15

7

4

4

18-23

25

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

14

6

6

2

19-10

24

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

15

6

2

6

10-14

20

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

15

3

3

9

15-25

12

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

14

2

4

8

5-25

10

9

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

14

2

2

10

10-24

8

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

14

0

1

13

3-32

1

Нишонзанҳо: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан»), Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 15- тӯбӣ, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 8-тӯбӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир») – 5-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG