Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 рӯзи 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Бозии ниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 рӯзи шанбеи 31 октябр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, барпо мегардад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ рӯзи 17 октябр аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои ин манбаъ, Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) рӯзи 16 октябр Ассотсиатсияи футболи Кувайтро аз ҳамаи мусобиқоти байнулмилалӣ хориҷ кардааст. Сабаби хориҷ шудани ин созмон дахолати ҳукумати Кувайт ба корҳои ташкилоти варзишӣ мебошад.

«Ҳамон лаҳзае, ки ассотсиатсия ва бошгоҳҳо фаъолияти худро метавонанд мустақилона анҷом бидиҳанд, ин тасмим лағв карда мешавад”, - таъкид шудааст дар изҳороти ФИФА.

Ба иллати хориҷ шудани дастаҳои миллии Кувайт бошгоҳҳои ин кишвар наметавонанд дар мусобиқоте, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байнулмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё доир мешаванд, ширкат варзанд.

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015, ки дар назар буд дар онҳо рӯзҳои 20-21 октябр дастаҳои «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) — «Ал-Қодсия» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) — КВ «Кувайт» (Кувайт) рақобат кунанд, лағв шуданд.

Ба ин тартиб, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон - «Истиқлол»- и Душанбе ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» пешакӣ ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC роҳ ёфтанд. Бозии ҳалкунанда 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG