Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгоҳи “Ҳосилот” ва дастаи “Ҳулбук” муҷозот шуданд


Варзишгоҳи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор аз баргузории ду бозии лигаи аввали футболи Тоҷикистон маҳрум гашт.

Бо тасмими кумитаи назорату одоби Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) варзишгоҳи «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор аз баргузории ду бозии сабқати лигаи аввали футболи Тоҷикистон маҳрум шуд.

Ба чунин ҷазо ин варзишгоҳ барои бадахлоқии тамошобинон дар бозии сабқати лигаи аввали Тоҷикистон байни дастаҳои «Ҳосилот» (Фархор) — «Ҳулбук» (Восеъ), ки 10 октябр баргузор шуд ва бозӣ то охир давом накард, гирифта шудааст. Ба ҷуз ин, дастаи мизбон – “Ҳосилот”-и Фархор - ба маблағи 1500 сомонӣ муҷозот шудааст.

Инчунин барои вайрон кардани Кодекси интизоми ФФТ, яъне худсарона тарк кардани майдон ва даст кашидан аз идомаи бозӣ муқобили “Ҳосилот (10 октябр), дастаи «Ҳулбук» бо ҳисоби фаннии 0:3 мағлуб ҳисобида шудааст.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа “Ҳулбук” бо 31 имтиёз аз 14 бозӣ дар байни 13 дастаи лигаи якум дар мақоми аввал аст. “Ҳосилот” бо 26 имтиёз аз 13 бозӣ мақоми панҷумро касб кардааст.

XS
SM
MD
LG