Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Мубин Эргашев баъди бохти дастааш ба Урдун иброз доштааст, ки шогирдонаш натавонистаанд дастури ӯро ба ин бозӣ комилан иҷро намоянд.
Дар як нишасти хабарӣ баъди бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон, ки шаби сешанбеи 13 октябр дар шаҳри Аммон, доир шуд, Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, чунин иброз доштааст: “Мехостам рақибро бо пирӯзӣ табрик бигӯям. Вале, мутаассифона, бозигарони мо то ба охир натавонистанд дастури моро ба ин бозӣ комилан иҷро кунанд. Дар қисми аввал, чунонки андешида будем, ҳамон хел бозӣ кардем. Бачаҳо интизоми бозиро қатъиян риоя намуданд. Вале дар қисми дувум, вақте ки мо голи аввалро сар додем, бачаҳои мо бештар ба ҳуҷум гузаштанд, мунтахаби Урдун бошад, ба хатти дифоъ таваҷҷӯҳ мекард ва дар мавриди зарурат аз хатоҳои дағали бачаҳои мо истифода бурда, ҳамлаҳои ҷавобӣ менамуд. Мунтахаби Урдун дастаи хубу муташаккил аст."
Мубин Эргашев дар идома гуфт, ки "бохтан ҳамеша нохуш аст, вале ба даста нобоварӣ кардан лозим нест. То анҷоми сабқати интихобӣ мо боз се бозии дигар мекунем. Моҳи ноябр дар майдони худ бо мунтахаби Бангладеш, баъдан моҳи марти соли оянда бо Австралия дар меҳмонӣ ва бо Қирғизистон дар хона бозӣ мекунем. Ба мо ба ҷуз ислоҳи вазъият дар ҷадвали мусобиқа чизи дигар намемонад. Дастаи мо ҳанӯз шонси гирифтани мақоми севумро дар гурӯҳи худ аз даст надодааст”.
Ёдовар мешавем, бозии даври шашуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Урдун ва Тоҷикистон, ки шаби сешанбеи 13 октябр дар Варзишгоҳи байналмилалии пойтахти Урдун - шаҳри Аммон - баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:0 поён ёфт.
Ҳар се голро футболбозони Урдун дар нимаи дуввуми бозӣ ба самар расонданд. Ҳамза Ал-Дарадреҳ дар дақиқаи 65-ум ҳисобро боз намуд. Баъди ду дақиқа голи дуввумро Ҳасан Абдулфаттоҳ вориди дарвозаи меҳмонон кард. Дарвоқеъ, вай дар Душанбе ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон се гол зада буд. Голи севумро боз ҳам Ҳамза Ал-Дарадреҳ дар замони изофии таъиннамудаи сардовар - 90+4 - ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигари даври шашум дар гурӯҳи “В”рӯзи 13 октябр дастаи мунтахаби Қирғизистон дар майдони худ бар тими миллии Бангладеш бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Голҳоро Виталий Люкс дар дақиқаи 27-ум ва Илдар Амиров дар дақиқаи 89-ум заданд.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз садрнишин аст. Австралия, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 9 имтиёз дар ҷойи дуввум, Қирғизистон бо 8 имтиёз дар ҷойи севум, Тоҷикистон бо 2 имтиёз дар ҷойи чорум ва Бангладеш бо 1 имтиёз дар зинаи охирин - панҷум қарор доранд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Урдун |
5 |
4 |
1 |
0 |
12-1 |
13 |
2 |
Австралия |
4 |
3 |
0 |
1 |
10-3 |
9 |
3 |
Қирғизистон |
5 |
2 |
2 |
1 |
8-5 |
8 |
4 |
Тоҷикистон |
5 |
0 |
2 |
3 |
4-12 |
2 |
5 |
Бангладеш |
5 |
0 |
1 |
4 |
2-15 |
1 |
Тақвими бозиҳои боқимондаи гурӯҳи “В”
Даври 7-ум
12 ноябр (панҷшанбе)
ТОҶИКИСТОН – Бангладеш
Австралия – Қирғизистон
Даври 8-ум
17 ноябр (сешанбе)
Бангладеш – Австралия
Қирғизистон – Урдун
Даври 9-ум
24 марти соли 2016 (панҷшанбе)
Австралия – ТОҶИКИСТОН
Урдун – Бангладеш
Даври 10-ум
29 марти соли 2016 (сешанбе)
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Австралия – Урдун
Ба ҷуз бозиҳои гурӯҳи «В» дар майдонҳои футболи Осиё рӯзи 13 октябр боз 12 бозӣ бо чунин натиҷаҳо поён ёфт:
Гурӯҳи «А»
Темури Шарқӣ — Малайзия– 0:1
Гурӯҳи «С»
Бутан — Ҳонконг– 0:1
Қатар — Молдив– 4:0
Гурӯҳи «D»
Туркманистон — Гуам– 1:0
Умон — Ҳиндустон – 3:0
Гурӯҳи «Е»
Сингапур — Камбоҷа– 2:1
Сурия — Афғонистон – 5:2
Гурӯҳи «F»
Ветнам — Тайланд – 0:3
Гурӯҳи «G»
Мянмар — Лаос – 3:1
Кувайт — Лубнон – 0:0
Гурӯҳи «Н»
Кореяи Шимолӣ — Яман– 1:0
Баҳрайн — Филиппин– 2:0