Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубин Эргашев: Мекӯшем, сазовор бозӣ кунем


Бозии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими миллии Урдун имрӯз, 13 октябр, дар шаҳри Уммон баргузор мешавад.

Бозии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо тими миллии Урдун имрӯз, 13 октябр, дар шаҳри Уммон баргузор мешавад.

Бозии даври шашуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои мунтахаби миллиии футболи Урдун ва Тоҷикистоншаби сешанбеи 13 октябр дар пойтахти Урдун - шаҳри Уммон - баргузор мешавад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи байналмилалии Уммон соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Ба иттилои Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, пеш аз бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон, рӯзи 12 октябр дар Уммон, дар меҳмонхонаи «Реҷенси Палас», нишасти хабарӣ доир шуд.

Дар ин нишаст Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, чунин иброз доштааст: “Урдун яке аз муддаиёни мақоми аввал дар гурӯҳи мо мебошад ва фикр мекунам, ки дар ин бозӣ аксари кулл Урдунро ғолиб меҳисобанд. Дастаи Урдун ҳайати мутавозин дорад, ки аз бозигарони хуб иборат аст ва онҳо дар лигаҳои мухталифи Осиё бозӣ мекунанд. Дар айни ҳол ҳарду даста дар вазъи гуногуни равонӣ қарор дорад. Ду бозии охири Урдун бо Ироқ (3:0, бозии дӯстона) ва Австралия (2:0, сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон) нишон доданд, ки дар ҳоли ҳозир даста дар ҳолати хуб қарор дорад. Вале мо, мутаассифона, дар бозӣ бо мунтахаби Қирғизистон дар замони изофии таъиннамудаи сардовар, ғалабаро аз даст додем. Бар замми ин Фарҳод Восиев корти сурх гирифт ва Нуриддин Давронов лат хӯрд. Ин бозигарон, ки ба онҳо умед доштем, дар бозӣ муқобили Урдун иштирок намекунанд. Ба ҳар ҳол мо кӯшиш мекунем, ки сазовор бозӣ кунем. Умедворем, ки мо дар майдон сифатҳои беҳтарини худро намоиш медиҳем. Дар футбол ҳама чиз метавонад рух бидиҳад”.

Дар ин нишаст, инчунин Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, ба хабарнигорон чунин гуфт: “Ман чунин меҳисобам, ки мунтахаби Урдун ба қатори 5 мунтахаби беҳтарини Осиё дохил аст. Инро дар бозии охирин муқобили Австралия собит кард. Фардо бозӣ хеле вазнин мешавад. Ман фикр мекунам, ки бозӣ на танҳо барои мо, инчунин барои мунтахаби Урдун низ душвор хоҳад шуд. Мо мекӯшем ва талош мекунем, ки аз Урдун имтиёзҳоро ба даст биёрем. Дар бораи натиҷаи дигар мо фикр намекунем”.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон муқобили Урдун:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳарду — «Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров (ҳарсе — «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов («Хуҷанд»), Манучеҳр Аҳмадов («Ал-Аҳлӣ», Баҳрайн), Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев (ҳарчор — «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Фаридун Шарифов, Нозим Бобоҷонов (ҳарду — «Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду — «Хуҷанд»).

И.в. сармураббӣ: Мубин Эргашев.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа мунтахаби Урдун бо 10 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Австралия бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум, Қирғизистон бо 5 имтиёз дар ҷойи севум, Тоҷикистон бо 2 имтиёз дар ҷойи чорум ва Бангладеш бо 1 имтиёз дар зинаи охирин - панҷум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Урдун

4

3

1

0

9-1

10

2

Австралия

4

3

0

1

10-3

9

3

Қирғизистон

4

1

2

1

6-5

5

4

Тоҷикистон

4

0

2

2

4-9

2

5

Бангладеш

4

0

1

3

2-13

1

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Қирғизистон – Бангладеш

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Бангладеш

Австралия – Қирғизистон

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Бангладеш – Австралия

Қирғизистон – Урдун

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – ТОҶИКИСТОН

Урдун – Бангладеш

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Австралия – Урдун

XS
SM
MD
LG