Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯзбекистон ду муаллима бо шабномаҳо боздошт шуданд


Ду муаллимаи мактаби миёнаи №4 дар шаҳри Қӯқанди Ӯзбекистон ба гумони паҳн кардани шабномаҳои «Давлати исломӣ» боздошт шудаанд. Ба гуфтаи намояндаи бахши маорифи шаҳр, муаллимаҳо 8 октябр дар як амалиёти вижаи ниҳодҳои амниятии Ӯзбекистон ва дар телефонҳои мобилии онҳо ошкор шудани маводи талиғотии ДИ боздошт шудаанд.

Кормандони амниятӣ ба ин мактаб баъд аз сару садоҳое таваҷҷӯҳ карданд, ки омӯзгорони он мактаб аз паҳн кардани шабномаҳои чопкардаи ДИ худдорӣ карда, онҳоро дар оташдони мактаб сӯзонидаанд. Ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ карданд, вале як манбаи радиои «Озодлик» дар Қӯқанд гуфт, ки дар ин мактаб варақаҳои ДИ паҳн карда шудааст. Бо пешниҳоди амниятиҳо бахши шаҳрии маориф салоҳияти касбии мудири ин мактабро баррасӣ мекунад.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ варақаҳои ДИ бо даъват барои анҷоми амалҳои террористӣ дар мактаби миёнаи №27 ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд пайдо шудаанд. Дар моҳи август дар пули серодами Юнусободи Тошканд парчами сиёҳи ДИ бардошта шуд.

XS
SM
MD
LG