Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ, ки рӯзҳои 9-12-уми октябр дар шаҳри Белостоки Лаҳистон баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Дар ин мусобиқа беш аз 300 варзишгари зиёда аз 20 кишвар барои ба даст овардани ҷоизаҳо мубориза мебаранд.
Ба иттилои Федератсияи гуштии камарбандии Тоҷикистон, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 3 паҳлавон - Муродалӣ Акбаров, Хуршед Шарифов ва Миралӣ Маҳмадов - намояндагӣ мекунанд. Инчунин дар ин мусобиқа боз ду нафар аз Тоҷикистон – Шавкат Зарифов ва Мақсад Ашӯров, доварони дараҷаи байналмилалӣ, ширкат меварзанд.
Мусобиқа байни мардон дар ду гурӯҳ - аз рӯи услуби классикӣ (то 90 кг ва беш аз 90 кг) ва услуби озод (то 60, то 70, то 80, то 90, то 100 ва беш аз 100 кг) баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии камарбандӣ дар Эрон ду медали тилло ба даст овард. Дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило Хуршед Шарифов ва дар вазни то 100 кило Миралӣ Маҳмадов (ҳарду аз вилояти Суғд) ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтанд.