Бозии даври панҷуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 оид ба футбол дар гурӯҳи “В” байни дастаҳои мунтахаби миллии Қирғизистону Тоҷикистон, ки шаби панҷшанбеи 8 октябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови Бишкек бо ҳузури 17 600 тамошобин баргузор шуд, бо ҳисоби мусовии 2:2 ба охир расид.
Бахтиёр Дуйшебеков, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 7-ум ҳисобро боз кард. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 65-ум, Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари меҳмонон, ҳисобро баробар намуд. Баъди шаш дақиқа Аҳтам Назаров, футболбози тоҷик, аз ҷаримаи 11–метра голи дувуми мунтахаби Тоҷикистонро ба ҳадаф расонд. Антон Землянухин, узви мунтахаби Қирғизистон, дар замони изофӣ (90+7) аз пеналтӣ ҳисобро баробар кард (2:2).
Дар бозии дигари гурӯҳи “В” мунтахаби Урдун дар майдони худ тими миллии Австралияро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳоро Ҳасан Абдул Фаттоҳ, дар дақиқаи 47-ум аз пеналтӣ ва Ҳамза Ал-Дарадре дар замони изофӣ (90+4) заданд.
Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқа баъди натиҷагирии чаҳор даври бозиҳо мунтахаби Урдун бо 10 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Австралия бо 9 имтиёз дар ҷойи дувум, Қирғизистон бо 5 имтиёз дар ҷойи севум, Тоҷикистон бо 2 имтиёз дар ҷойи чорум ва Бангладеш бо 1 имтиёз дар зинаи охирин - панҷум қарор доранд.
ҶҶ-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи дувум
Гурӯҳи «В». Даври 5-ум
Қирғизистон — Тоҷикистон — 2:2
Голҳо: Бахтиёр Дуйшебеков, 7 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 65 (1:1). Аҳтам Назаров, 71 – аз пеналтӣ (1:2). Антон Землянухин, 90+7 – аз пеналтӣ (2:2).
Қирғизистон: Павел Матяш, Даниэл Тэго, Курсанбек Шератов (Шерзод Шокиров, 76), Виктор Майер, Азамат Бойматов, Мирлан Мурзаев, Виталий Люкс (Илдар Амиров, 80), Бахтиёр Дуйшебеков, Фарҳод Мӯсобеков, Антон Землянухин, Эдгар Бернхардт (Азиз Сиддиқов, 46).
Тоҷикистон: Алишер Тӯйчиев, Фарҳод Восиев, Давронҷон Эргашев (Фаридун Шарифов, 84), Нуриддин Давронов (Сиёвуш Асроров, 11), Хуршед Маҳмудов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Парвизҷон Умарбоев (Нозим Бобоҷонов, 77), Манучеҳр Ҷалилов.
Огоҳонида шуданд: Бахтиёр Дуйшебеков (Қирғизистон), Фарҳод Восиев, Парвизҷон Умарбоев, Манучеҳр Ҷалилов (Тоҷикистон).
Аз майдон хориҷ шуд: Фарҳод Восиев (Тоҷикистон), 90+6 – барои одоби ғайриварзишӣ.
Сардовар: Муд Бунёдифард (Эрон).
Комиссари бозӣ: Сивакумар (Сингапур).
8 октяб. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов. 17 600 тамошобин.
Урдун— Австралия — 2:0
Голҳо: Ҳасан Абдул Фаттоҳ, 47 – аз пеналтӣ (1:0). Ҳамза Ал-Дарадре, 90+4 (2:0).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи гурӯҳи “В”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Урдун |
4 |
3 |
1 |
0 |
9-1 |
10 |
2 |
Австралия |
4 |
3 |
0 |
1 |
10-3 |
9 |
3 |
Қирғизистон |
4 |
1 |
2 |
1 |
6-5 |
5 |
4 |
Тоҷикистон |
4 |
0 |
2 |
2 |
4-9 |
2 |
5 |
Бангладеш |
4 |
0 |
1 |
3 |
2-13 |
1 |
Тақвими бозиҳои боқимонда:
Даври 6-ум
13 октябр (сешанбе)
Урдун – ТОҶИКИСТОН
Қирғизистон – Бангладеш
Даври 7-ум
12 ноябр (панҷшанбе)
ТОҶИКИСТОН – Бангладеш
Австралия – Қирғизистон
Даври 8-ум
17 ноябр (сешанбе)
Бангладеш – Австралия
Қирғизистон – Урдун
Даври 9-ум
24 март (панҷшанбе)
Австралия – ТОҶИКИСТОН
Урдун – Бангладеш
Даври 10-ум
29 март (сешанбе)
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Австралия – Урдун