Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мактаби ноҳияи Ҳисор ба номи Акбари Саттор гузошта шуд


Акбари Саттор
Акбари Саттор

Як мактаби рустои Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба номи Акбари Саттор -- раиси собиқи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гузошта шуд. Ин хабарро 7 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ҳукумати ноҳияи Ҳисор тасдиқ карданд. Манбаъ гуфт, ин тасмим аз сӯи Маҷлиси вакилони ноҳияи Ҳисор гирифта шудааст.

“Дар вақти ироа шудани ин пешниҳод ҳамаи вакилони маҷлиси ноҳия пуштибонӣ намуданд ва аз ин пешниҳод истиқбол карданд,” -- афзуд манбаъ.

Моҳи гузашта гурӯҳе аз журналистони тоҷик пешниҳод карда буданд, ки 28 август, рӯзи даргузашти Акбари Саттор, ҳамчун рӯзи “Ҳамрайъии журналистони тоҷик” эълон ва дар рустои Мортеппаи ноҳияи Ҳисор як мактаб ба номи ӯ гузошта шавад. Инчунин, ин гуруҳи журналистон аз Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хоста буданд, барои бунёди нимпайкараи Акбари Саттор, раиси собиқи Иттифоқи рӯзноманигорон ризоят диҳад. Ёқуб Исмоилов -- раиси Маҷмааи рӯзномаву маҷаллаҳо, ки пешниҳоди гузоштани пайкара ба Акбари Сатторро кард, "ӯро як журналисти намуна ва қобили қабул барои ҳама номид".

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, рӯзи 28 август дар 50-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Вай аз соли 2007 раҳбарии созмони журналистии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва узви Кумиссиюни марказии интихоботи ин кишвар буд.

Ӯ соли 1990 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт-Петербурги имрӯза)-и Русияро хатм карда, фаъолияташро дар нашрияи “Ҷумҳурият” оғоз кардааст. Дар солҳои 1990-ум ибтидо ҳафтаномаи “Дайджест-Пресс” ва ба дунболи он “Чархи гардун”-ро таъсис дод. Иттиҳодияи эҷодии “Чархи гардун”-и Акбари Саттор бар иловаи ин ду нашрия ҳамчунин ҳафтаномаҳои “Вечерний Душанбе”, “Аладдин” ва “Марду зан”-ро фаро мегирифт.

XS
SM
MD
LG