Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки шоми якшанбеи 4 октябр барои бозии сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 бо тими миллии Қирғизистон ба Бишкек расид, бегоҳи имрӯз, 5 октябр, дар пойтахти ин кишвар аввалин тамринашро анҷом дод.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар дохил аст. Даста дар меҳмонхонаи «Жаннат» ҷой гирифтааст.
Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 8 октябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов соати 19:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Қирғизистон:
Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳарду— «Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев («Газовик», Русия), Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов («Хуҷанд»), Манучеҳр Аҳмадов («Ал-Аҳлӣ», Баҳрайн), Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»);
Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев (ҳама – «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Алиев («Хуҷанд»), Фаридун Шарифов, Нозим Бобоҷонов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду — «Хуҷанд»).
Ҷоми ҷаҳон-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи 2-юм
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Австралия |
3 |
3 |
0 |
0 |
10-1 |
9 |
2 |
Урдун |
3 |
2 |
1 |
0 |
7-1 |
7 |
3 |
Қирғизистон |
3 |
1 |
1 |
1 |
4-3 |
4 |
4 |
Тоҷикистон |
3 |
0 |
1 |
2 |
2-7 |
1 |
5 |
Бангладеш |
4 |
0 |
1 |
3 |
2-13 |
1 |
Тақвими бозиҳои боқимондаи гурӯҳи "В”:
Даври 5-ум
8 октябр (панҷшанбе)
Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Урдун – Австралия
Даври 6-ум
13 октябр (сешанбе)
Урдун – ТОҶИКИСТОН
Қирғизистон – Бангладеш
Даври 7-ум
12 ноябр (панҷшанбе)
ТОҶИКИСТОН – Бангладеш
Австралия – Қирғизистон
Даври 8-ум
17 ноябр (сешанбе)
Бангладеш – Австралия
Қирғизистон – Урдун
Даври 9-ум
24 март (панҷшанбе)
Австралия – ТОҶИКИСТОН
Урдун – Бангладеш
Даври 10-ум
29 март (сешанбе)
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Австралия – Урдун