Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри китоби «Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост»


Китобе бо номи «Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост» дар нашриёти «Андалеб»-и Душанбе аз чоп баромад.

Китобе бо номи «Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост» ба ду забон – тоҷикӣ ва русӣ - дар нашриёти «Андалеб»-и Душанбе иборат аз 495 саҳифа, ба ҷуз аксҳои ранга, бо теъдоди 1000 нусха ба табъ расид.

Китоби мазкур, ки муаллифи он раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов мебошад, бо сарпарастии Кумитаи миллии олимпии кишвар нашр шудааст.

Дар ин китоб суханрониҳои президенти Тоҷикистон роҷеъ ба варзиш зимни мулоқоташ бо сокинони ҳамаи манотиқи кишвар, ҷавонони мамлакат, беҳтарин варзишгарону мураббиён ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалии варзишӣ, инчунин Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳову барномаҳои Ҳукумати кишвар, ки фаъолияти соҳаи варзишро ба танзим медароранд, гирд оварда шудааст. Инчунин дар ин китоб дар бораи дастовардҳои варзишгарони тоҷик ва сохтмону азнавсозии иншоотҳои варзишӣ дар кишвар дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муфассал иттилоъ дода мешавад.

Дар ин китоб зикр шудааст, ки ба ин соҳаи муҳим, хусусан, баъди барқарории сулҳу оромӣ дар кишвар таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мешавад.

Дастаи мунтахаби олимпии кишвар шурӯъ аз соли 1996 мустақилона дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзад. Ба даст овардани се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон бузургтарин дастоварди варзишгарони Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Паҳлавони маъруф Расул Боқиев дар Олимпиадаи Пекин дар мусобиқа оид ба дзюдо дар вазни то 73 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардид, ки ин дар таърихи варзиши тоҷик аввалин медали олимпии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шумор меравад.

Қобили қайд аст, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Бахусус баъд аз вохӯрии Эмомали Раҳмон бо варзишгарони кишвар, ки 20 декабри соли 2010 доир шуд, аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони ватанӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат қариб 2500 толору майдончаҳои варзишӣ ба

маблағи умумии беш аз 250 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин садҳо иншооти мавҷудаи варзишӣ тармиму таҷдид гардиданд.

Ин китоб ҳамчун манбаи комили иттилоотию таҳлилӣ барои доираи фарохи хонандагон, аз ҷумла, ҷавонон, донишҷӯёну устодон, кормандону хабарнигорони соҳа, муаррихону муҳаққиқон ва алоқамандони варзиш пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои масъулини Кумитаи миллии олимпӣ аввалин нусхаи ин китоб ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5 октябр, дар рӯзи мавлудаш тӯҳфа карда шуд.

XS
SM
MD
LG