Дар мусобиқаи теннисбозони наврас барои Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки барои бори шашум баргузор шуд, 64 нафар варзишгарони синнашон 12-15-сола (32 писар ва 32 духтар) аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина ширкат доштанд. Мусобиқаи имсола дар Майдони тенниси КВД “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон барпо гардид.
Дар сабқати инфиродӣ байни писарон Шодмон Қурбонов ва миёни духтарон Шаҳзода Осимова, ҳарду аз Тоҷикистон, ғолиб омаданд.
Дар сабқати ҷуфтӣ байни писарон Беҳзод Суюнов / Шерзодбек Раҷабов аз Узбакистон мақоми аввалро касб карданд. Дар сабқати ҷуфтӣ миёни духтарон Анастасия Турсунова/ Насиба Назирмадова аз Тоҷикистон пирӯз шуданд.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Мансур Яҳёев, сардовари ин мусобиқа, рӯзи 25 сентябр хабар дод. Вай афзуд, “ғолибони мусобиқа бо ҷому медали тилло, ифтихорнома ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 1500 доллари ИМА сарфароз гаштанд. Ба теннисбозоне, ки ҷойҳои дувуму севумро гирифтанд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 1000 ва 700 доллар супурда шуд”.
Бояд тазаккур дод, мусобиқаи теннисбозони наврас барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон сар аз соли 2005 доир мешавад.
Дар мусобиқаи панҷум, ки моҳи сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, 47 варзишгар аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Эрон ширкат дошт. Дар сабқати инфиродӣ байни писарон теннисбози ҷавони тоҷик Фаридуни Баҳодур ва дар сабқати духтарон Милана Имомничазова аз Қазоқистон ғолиби мусобиқа гардида буданд.
Мегуй аку ҳукумати режими раҳмонуф авлиёан)) Режими ифротгароёни фасодкорон, кӣ Тоҷикистонро ғасб карда, дар орзуи султагароистан.
Дар Киргизистон рахмонуфа писандаш намекунанд, медонанд ки сахар як гап мезанаду бегох гапи дигар, хулас вая вай кунетон гуфта 30 сол мардуми Точикистона бо авлодаш найрангу зулм карда гаштаст
Лас Вегас дар Кулоб, киморбозонро аввал вазъи зиндагиашонро омузанд, баъд манъ кунанд, аввал давлат ба онхо дигар намуди кор пешниход кунад, зиндаги кори бози нест.
Мурдиян ай"""" бойира"""", бо ҳамон мардуми камбағал азоб мекашанд ки дар хонаш моҳашкати гушт намехарад ҳамонаш ки мехарад он ҳам ба пули Руссия .Муфтхурон катаги када хов.
Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия якҷоя шудаанд ва ба зиди муҳоҷирон мубориза бурда истодаанд ё ҳамаро аз Русия ихроҷ кунан ё озод рахоямон кунанд ин аст адолат