Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cабқати теннисбозон барои Ҷоми президенти Тоҷикистон


Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи теннисбозони наврас барои Ҷоми президенти Тоҷикистон ҷараён дорад.

Дар мусобиқаи теннисбозони наврас барои Ҷоми президенти Тоҷикистон, ки барои бори шашум баргузор шудааст, варзишгарони синнашон 12-15-сола аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина барои Ҷом ва ҷоизаҳои молӣ мубориза мебаранд. Мусобиқаи имсола дар Майдони тенниси КВД “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон баргузор шудааст.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни писарон дар даври ниманиҳоӣ Шерзодбек Раҷабов аз Узбакистон бо Кирилл Кирсанов аз Қирғизистон ва Шодмон Қурбонов бо Исом Шарифов, ҳарду аз Тоҷикистон, қувваозмоӣ мекунанд. Дар сабқати инфиродӣ байни духтарон ҳамаи чаҳор варзишгаре, ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд, аз Тоҷикистон мебошанд. Анастасия Турсунова бо Шаҳзода Осимова ва Насиба Назирмадова бо Комила Муллоева рақобат хоҳанд кард.

Дар сабқати ҷуфтӣ миёни духтарон Турсунова/ Назирмадова аз Тоҷикистон бо Филина/Мадалиева аз Қирғизистон дар даври ниманиҳоӣ бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Барои ба финал баромадан, инчунин дар сабқати ҷуфтӣ Яҳяева/Ҳалимова бо Муллоева/Азимова, ҳарчор аз Тоҷикистон, мубориза мебаранд.

Дар сабқати ҷуфтӣ байни писарон Қурбонов/Алиев бо Шарифов/Каримов, ҳарчор аз Тоҷикистон, Раҷабов/Суюнов аз Узбакистон бо Кирсанов/Гаушапов аз Қирғизистон бозӣ мекунанд. Бозиҳои ниҳоии Ҷоми президенти Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 23 сентябр барпо мегарданд.

Мусобиқаи теннисбозони наврас барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон сар аз соли 2005 дар пойтахти кишвар доир мешавад.

Дар мусобиқаи панҷум, ки моҳи сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, 47 варзишгар аз Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Эрон ширкат дошт. Дар сабқати мардон ду теннисбози ҷавони тоҷик – Фаридуни Баҳодур ва Бахтиёр Саъдуллоев ба финал баромаданд. Қувваозмоии ниҳоӣ бо пирӯзии Фаридуни Баҳодур бо ҳисобҳои 6:3, 7:5 ба анҷом расид.

Дар сабқати занон Нодира Муллоҷонова (Тоҷикистон) ва Милана Имомничазова (Қазоқистон) ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Теннисбози қазоқ бар рақибаш бо ҳисобҳои 6:3, 6:4 пирӯз шуд ва ғолиби мусобиқа гардид.

XS
SM
MD
LG