Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии “Кувайт” ва “Истиқлол”-ро эрониҳо доварӣ мекунанд


Бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Кувайт”-и Кувайтро ҳакамон аз Эрон доварӣ мекунанд.

Доварони бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Кувайт”-и Кувайт, ки 30 сентябр дар шаҳри Эл-Кувайт баргузор мешавад, аз Эрон мебошанд.

Довари ФИФА Мӯҳсин Туркии 41-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Муҳаммадризо Абулфазлӣ ва Саид Алинезҳадиён ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард.

Бунёдифардо Мовда вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Салим Саид бин Хазим Ал-Сувайдӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб нозири доварон ва Бенҷамин Тан аз Сингапур комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Кувайт” 30 сентябр дар Эл-Кувайт соати 19:20 ба вақти маҳаллӣ (21:20 – ба вақти Душанбе) шурӯъ мешавад. Бозии ҷавобӣ 21 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 17:00 оғоз меёбад.

Ҷоми AFC-2015

1/2 финал. Бозиҳои аввал

29 сентябр (сешанбе)

«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия)

30 сентябр (чоршанбе)

КВ «Кувайт» (Кувайт) – «ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон)

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

20 октябр (сешанбе)

«Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)

21 октябр (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (Тоҷикистон) – КВ «Кувайт» (Кувайт)

XS
SM
MD
LG