Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон Қурбонов барандаи медали қаҳрамонии Осиё шуд


Ҷаҳон Қурбонов, муштзани тоҷик
Ҷаҳон Қурбонов, муштзани тоҷик

​Ҷаҳон Қурбонов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Тайланд медали биринҷӣ ба даст овард.

Варзишгари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё байни мардон, ки дар пойтахти Тайланд - шаҳри Бангкок –рӯзи 5 сентябр ба охир расид, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар ин мусобиқа муштзанҳои дигари тоҷик аз медалҳо бенасиб монданд.

Ҷаҳон Қурбонов дар рақобатҳо дар вазни зери 91 килограмм баъди ду пирӯзӣ бар рақибонааш аз Корея ва Покистон ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ, ки 4 сентябр баргузор шуд, аз рақибаш Василий Левит аз Қазоқистон аз рӯи имтиёз дар ҳарсе раунд шикаст хӯрд. Ба ин тартиб, муштзани маъруфи тоҷик барои мақоми севум бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Бангкок 188 варзишгар аз 28 кишвар ширкат кард, ки ин дар таърихи сабқати қитъавӣ шумораи рекордист.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қазоқистон бо касби панҷ медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Узбакистон бо касби ду медали тилло, панҷ нуқра ва як биринҷӣ дар ҷойи дувум қарор гирифт. Мақоми севумро мизбонон – муштзанҳои Тайланд – бо касби ду медали тилло азони худ карданд.

Бояд тазаккур дод, варзишгароне, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои аз якум то ҳафтумро ишғол карданд, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон мушарраф шуданд. Вале дар вазни беш аз 91 килограмм муштзанҳое, ки ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро гирифтанд, дар сабқати ҷаҳонӣ ширкат меварзанд. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон аз 5-ум то 18-уми октябри соли равон дар пойтахти Қатар – Доҳа -барпо мегардад.

Инчунин бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Барои занон мусобиқаи интихобӣ сабқати қаҳрамонии ҷаҳонист, ки моҳи феврали соли 2016 баргузор мешавад. Мардон бошанд, соли оянда дар ду мусобиқаи интихобии олимпӣ – моҳи март дар Чин ва моҳи июн дар Боку - ширкат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG