Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футболи Австралия ба Душанбе омад


​Мунтахаби футболи Австралиябарои бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо тими миллии Тоҷикистон ба Душанбе омад.

Дастаи мунтахаби футболи Австралия барои бозии даври чаҳоруми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В” бо тими миллии Тоҷикистон рӯзи шанбеи 5 сентябр ба Душанбе омад.

Барандаи Ҷоми Осиё-2015 ба пойтахти Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо аз Дубай омад. Сармурабии мунтахаби Австралия Ангелос Постекоглу бо худба Душанбе 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагар овардааст, ки 17 нафарашон легионеранд.

Бояд гуфт, ки австралиягиҳо ба Душанбе ошпази худро овардаанд. Онҳо дар меҳмонхонаи панҷситорадори «Шератон» ҷойгир шудаанд. Мунтахаби Австралия аввалин тамрини худро дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ рӯзи якшанбеи 6 сентябр анҷом медиҳад.

Ҳайати мунтахаби Австралия:

Дарвозабонҳо: Мютю Райан («Валенсия», Испания), Алекс Тсисак («Лейтон Ориент», Инглистон), Адам Федеричи («Борнмут», Инглистон);

Ҳимоятгарон: Азиз Бехич («Бураспор», Туркия), Ҷейсон Дэвидсон («Хаддерсфилд Таун», Инглистон), Тарек Элрих («Аделаида Юнайтед», Австралия), Райан Макгоуэн («Данди Юнайтед», Шотландия), Мэттю Шпиранович («Ханчҷоу Гринтаун», Чин), Алекс Уилкинсон («Чонбук Хёндэ Моторс», Кореяи Ҷанубӣ), Бейли Райт («Престон Норд Энд», Инглистон);

Нимҳимоятгарон: Ҷексон Ирвайн («Рос Каунти», Шотландия), Массимо Луонго («Куинз Парк Рейнҷерс», Инглистон), Мэтт Маккей («Брисбен Роар», Австралия), Марк Миллиган («Бани Яс», Имороти Муттаҳидаи Араб), Аарон Муй («Мелбурн Сити», Австралия), Том Рогич («Селтик», Шотландия), Люк Брэттан («Брисбен Роар», Австралия);

Ҳамлагарон: Натан Бёрнс («Токио», Ҷопон), Тим Кэхилл («Шанхай Шэнхуа», Чин), Мэттю Леки («Инголштадт», Олмон), Кристофер Икономидис («Латсио», Италия), Бен Халлоран («Ҳайденҳайм», Олмон), Томми Оур (озод аст).

Сармураббӣ: Ангелос Постекоглу.

Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Австралия рӯзи сешанбеи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 шурӯъ мешавад.

Сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашеви 41-сола, ки иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон мебошад, дастаро ба бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 омода месозад. Эргашев дар ин вазифа Мӯҳсин Муҳаммадиевро, ки баъди нокомии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар оғози сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 аз вазифааш истеъфо дод, иваз кардааст.

Доварони бозӣ байни дастаҳои Тоҷикистону Австралия аз Баҳрайн мебошанд. Довари ФИФА Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусейни 42-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Муҳаммад Ҷаъфар Муҳаммад Салмони 35-сола ва Наваф Шоҳин Халифа Мӯсои 36-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Абдулазиз Юсуф Абдулло вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Масъуд Муродӣ аз Эрон нозири доварон ва Ту Силианг из Чин комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Баъди анҷоми бозии даври чаҳоруми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия мухлисони футбол метавонанд бо билетҳои тамошои ин дидор, инчунин дар бозии лотерея ширкат намоянд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, се адад смартфон ё телефони ҳушманди Samsung S6 ва се адад соатҳои ҳушманди Samsung Gear S бурдҳои лотерея мебошанд.

Нархи билети оддӣ 20 сомонӣ, билетҳои махсус 100 сомонӣ, билетҳои VIP 700 сомонӣ муқаррар шудааст. Бо билети VIP мухлис бозиро дар курсии мулоим тамошо карда, ҳангоми танаффус ба ӯ дар нуқтаи ғизо хидмат расонида мешавад.

Ёдовар мешавем, дар даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В”, ки 3 сентябр баргузор шуд, мунтахаби Австралия тими миллии Бангладешро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Урдуну Қирғизистон дар Уммон бо ҳисоби мусовии 0:0 поён ёфт.

Мунтахаби Тоҷикистон аз бозии даври севум озод буд. Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “В” баъди натиҷагирии се даври мусобиқот мунтахаби Австралия бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Урдун ва Қирғизистон бо 4-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Тимҳои Тоҷикистону Бангладеш, ки якимтиёзӣ доранд, дар ҷойҳои чоруму панҷум қарор гирифтаанд.

Ҷоми ҷаҳон-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи 2-юм

Гурӯҳи «B». Даври 3-юм

Австралия – Бангладеш – 5:0

Урдун – Қирғизистон – 0:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Австралия

2

2

0

0

7-1

6

2

Урдун

2

1

1

0

3-1

4

3

Қирғизистон

3

1

1

1

4-3

4

4

Тоҷикистон

2

0

1

1

2-4

1

5

Бангладеш

3

0

1

2

2-9

1

Тақвими бозиҳои боқимондаи гурӯҳи "В”:

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Австралия

Бангладеш – Урдун

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Урдун – Австралия

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Қирғизистон – Бангладеш

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Бангладеш

Австралия – Қирғизистон

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Бангладеш – Австралия

Қирғизистон – Урдун

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия – ТОҶИКИСТОН

Урдун – Бангладеш

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Австралия – Урдун

XS
SM
MD
LG