Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА (Федератсияи байнулмилалии футбол), ки имрӯз, 3 сентябр, нашр шудааст, бо 155 имтиёз дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин мақоми 158-умро касб кардааст.
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё тағйир наёфтааст (ҷойи 29-ум). Дар байни 15 кишвари собиқи шӯравӣ бошад, Тоҷикистон дар зинаи охирин мебошад.
Дар феҳристи нави ФИФА мунтахаби Аргентина бо 1442 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Белгия (1269) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Олмон (1248) дар ҷойи севуманд. Ба қатори даҳ мунтахаби беҳтарини ҷаҳон, инчунин Колумбия, Бразилия, Португалия, Руминия, Чили, Уэлс ва Инглистон дохиланд.
Бозии наздиктарини тими миллии Тоҷикистон 8 сентябр дар Душанбе муқобили мунтахаби Австралия, барандаи Ҷоми Осиё-2015, баргузор мешавад.
Мавқеи рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” дар раддабанди нави ФИФА чунин аст: Австралия – ҷойи 61-ум, Урдун – ҷойи 92-юм, Қирғизистон – ҷойи 155-ум, Бангладеш – ҷойи 173-юм.
Бояд тазаккур дод, раддабандии ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад. Феҳристи баъдии ФИФА 1 октябр нашр хоҳад шуд.