Дар бозиҳои аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол, ки шоми 20 август ба поён расиданд, дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб, ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ғолиб омаданд.
«Равшан» дар майдони худ «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. ССКА «Помир» бар дастаи меҳмон -«Барқи тоҷик»-и Душанбе - бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард. «Регар-ТадАЗ» дар майдони худ бар дастаи лигаи аввал - «Саройкамар»-и Панҷ - бо ҳисоби 3:0 пирӯз гашт.
Бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 25 август, соати 16:30 шурӯъ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин шуда ба даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаи “Истиқлол”-и Душанбе роҳ ёфтааст. Душанбегиҳо аз рӯи натоиҷи ду бозии чаҳорякниҳоӣ бо дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд (6:1 ва 0:0) ба нимфинал баромаданд.
Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозиҳои аввал
«РАВШАН» — «ВАХШ» — 2:1
Голҳо: Бахтиёр Қаландаров, 7 (1:0). Кароматулло Саидов, 56 – аз пеналтӣ (1:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 79 (2:1).
ССКА «ПОМИР» — «БАРҚИ ТОҶИК» — 3:2
Голҳо: Комрони Мирзонаҷот, 5 (1:0). Шамсиддин Қосимов, 7 (2:0). Давронҷон Тухтасунов, 9 – аз пеналтӣ (3:0). Самад Шоҳзуҳуров, 11 (3:1). Соломон Течи, 57 (3:2).
«РЕГАР-ТАДАЗ» — «САРОЙКАМАР» — 3:0
Голҳо: Фаррух Чориев, 12 (1:0). Нозим Бобоҷонов, 65 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 89 (3:0).
Хамин чамъиятхои сахомии, ки ба хамино таъалук дора бибараншон ай точикистон! Дар аврупо хамчинсгаро хукуки рохбари давлат шуданро дорад, бигзор раванд
Ин танҳо як бизнеси давлатҳои абарқудрат аст.
астагфируллох ,ба чои ин рафтор табобат мегирифт хуб мешуд наход дар точикистон хам бошад ?астагфируллох,як чурам дар бораи инсонхои шинохта гуфт бовар накардам ва лекин бадтар бовар кардам ,ин касалии гузаранда ё тасир расонанда чи хел АЛЛОХ кавми лута несту нобуд кард.
Ин динозавр хам миллаташ узбак буд!
Астагфируллох,е бор худое ману наздиконамро аз ин ливотахо дур нигох дех,омин е раббалоламин!!!