Бозии ҷавобии 1/4 финалии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Истиқлол»-и Душанбе рӯзи 19 август дар маркази вилояти Суғд, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», барпо мегардад. Бозии аввали ин дастаҳо 12 август дар Душанбе бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби бузурги 6:1 анҷом ёфта буд. Бинобар ин, душанбегиҳо барои ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтан имконияти хеле хуб доранд.
Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозии аввал
«ИСТИҚЛОЛ» — «ХУҶАНД» — 6:1
Голҳо: Аҳтам Ҳамроқулов, 13 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 31 (1:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 36 (2:1). Дилшод Восиев, 44 (3:1). Дилшод Восиев, 69 (4:1). Манучеҳр Ҷалилов, 74 (5:1). Ромиш Ҷалилов, 86 (6:1).
Огоҳонида шуданд: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Бахтиёр Чориев («Хуҷанд»).
Аз майдон хориҷ шуд: Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), 60 – корти 2-юми зард.
12 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.
1/4 финал. Бозии ҷавобӣ
19 август (чоршанбе)
Оғози бозӣ - соати 16:30
«ХУҶАНД» — «ИСТИҚЛОЛ»
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
Се бозии аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 20 август, баргузор мешавад.
Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозиҳои аввал
20 август (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо - соати 17:00
«РАВШАН» — «ВАХШ»
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ
ССКА «ПОМИР» — «БАРҚИ ТОҶИК»
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).
Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон
«РЕГАР-ТАДАЗ» — «САРОЙКАМАР»
Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа).
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»