Дар бозиҳои даври 12-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки рӯзи шанбе, 15 август, барпо мегарданд, “Истиқлол”-и Душанбе, пешсафи ҷадвали мусобиқа, дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо “Регар-ТадАЗ” рақобат мекунад.
Бозии дигари марказии даври навбатӣ дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе миёни дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд сурат мегирад.
Дар се бозии дигар “Барқи тоҷик”-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан дар майдони худ бо “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Равшан”-и Кӯлоб бо дастаи меҳмон – ССКА “Помир”-и Душанбе – қувваозмоӣ хоҳанд кард. Ҳамаи бозиҳо соати 17:00 шурӯъ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол”, ки дар ҳамаи 11 бозӣ пирӯз шудааст, бо 33 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад. “Хуҷанд” бо 26 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Регар-ТадАЗ” бо 22 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
11 |
11 |
0 |
0 |
45-2 |
33 |
2 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
11 |
8 |
2 |
1 |
23-7 |
26 |
3 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
11 |
6 |
4 |
1 |
18-8 |
22 |
4 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
11 |
6 |
2 |
3 |
24-22 |
20 |
5 |
«Хайр» (Ваҳдат) |
11 |
6 |
1 |
4 |
15-21 |
19 |
6 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
11 |
4 |
2 |
5 |
8-13 |
14 |
7 |
«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) |
11 |
3 |
2 |
6 |
13-17 |
11 |
8 |
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) |
11 |
1 |
3 |
7 |
3-22 |
6 |
9 |
«Барқи тоҷик» (Душанбе) |
11 |
1 |
2 |
8 |
8-22 |
5 |
10 |
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) |
11 |
0 |
0 |
11 |
2-25 |
0 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 13 тӯб, Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 10 тӯб, Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол») – 7-тӯбӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан») – 5-тӯбӣ.
Даври 12-ум
15 август (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:00
«Барқи тоҷик» — «Вахш»
«Хайр» — «Хуҷанд»
«Регар-ТадАЗ» — «Истиқлол»
«Далерон-Ӯротеппа» — «Парвоз»
«Равшан» — ССКА «Помир»