Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

China town дар Тоҷикистон?


Тарҳи сохтмонҳои нав аз сӯи чиниҳо дар Хуҷанд
Тарҳи сохтмонҳои нав аз сӯи чиниҳо дар Хуҷанд

Чин дар Хуҷанд ба сохтмони як шаҳрак оғоз мекунад, ки аз биноҳои истиқоматӣ, мактаб ва иншооти дигари иҷтимоӣ иборат буда, нахустин биноҳояш баъд аз 5 сол ба истифода дода хоҳад шуд.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд гуфтанд, ки Чин дар маркази вилояти Суғд ба сохтмони як шаҳрак оғоз кардааст ва биноҳои нахустинаш баъд аз панҷ сол мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Маҷмӯи биноҳои нави истиқоматӣ, мактаб ва иншооти иҷтимоӣ дар хиёбони Раҳмон Набиеви Хуҷанд ҷойгиранд.

Ин мавзӯъ дар сӯҳбати Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ва Ҷао Шин Ҷо -- мудири кулли ширкати "Пекин" ва гурӯҳе аз меъморону сохтмончиёни Чин 13 август ниҳоӣ шудааст. "Дар асоси нақшаи сохтмони шаҳрак бунёди 15 бинои баландошёна барои 1200 оила, бунёди мактаби чаҳорошёна ва дигар иншооти иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст," -- гуфтанд дар ҳукумати Хуҷанд.

Оқои Аҳмадзода аз ҷониби Чин хостааст, ки ҳангоми сохтмони шаҳраки нав "ҳуқуқи сокинони ин маҳал ва меъёри қонунҳои мавҷудаи сохтмонӣ, истифодаи унсурҳои миллӣ дар тарҳи иншоот, истифодаи ҳар чи бештари кормандон ва мутахассисони маҳаллӣ"-ро риоя кунад. Хабари сохтмони шаҳраке аз сӯи чиниҳо дар Хуҷанд аз ҳоло миёни корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои мухталифро ба вуҷуд овардааст. Бархе аз корбарон аз чунин тарҳ истиқбол карда, онро як навъ пешрафт номидаанд.

Аммо бархеи дигар аз паёмади ин тарҳ изҳори ташвиш карда ва навиштаанд, ки "Хуҷанд боз Хитойи дувум нашавад?" Афроде ҳам ҳастанд, ки ин саволро дар миён гузоштаанд: "Оё дар ивази хонаи сокиноне, ки ҳоло дар хиёбони Раҳмон Набиев зиндагӣ доранд, манзили нав дода хоҳад шуд, ё на?"

Маҳмудҷон Дадобоев, сухангӯи шаҳрдори Хуҷанд, мегӯяд, ба ӯҳдаи чиниҳо гузоштани иҷрои ин тарҳ пешниҳоди ҷолиб ва ҳам ҷуръати онҳо будааст. "Барои сохтмон бо назардошти минтақаи назди соҳил буданаш на ҳама ширкат ҷуръат кард. Мутахассисони маҳаллӣ пешниҳоди чиниҳоро мувофиқу беҳтар барои ин минтақа донистанд. Дар мавриди сокинони ин маҳал ҳаминро гуфтаниям, ки бо ҳамаи онҳо худи ширкат бевосита шартнома бастааст. Ба онҳо чанд вариант - маблағи манзил, харидани хонаи ҳамнарх аз дигар минтақаи шаҳр ё маблағи иҷора ва баъдан додани хона аз биноҳои нав пешниҳод шудааст. Ҳамаи ин алакай ҳалли худро ёфтааст," -- афзуд ӯ.

Чин дар солҳои охир ба яке аз сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфта, дар ин кишвари Осиёи Марказӣ иҷрои тарҳҳое, чун бозсозии шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, танҳо масири мошингард байни манотиқи шимол ва маркази Тоҷикистон, бунёди нақбҳои Шаҳристону Чормағзак, тармими шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода – марзи Узбакистонро анҷом медиҳад. Бо онки Чин бо 1 миллиард доллар қарзи додааш Чин мақоми бузургтарин қарздиҳандаи Душанберо дар даст дорад, моҳи сентябри соли 2014 раисиҷумҳураш Чин Сӣ Ҷинпин зимни анҷоми сафари давлатиаш ба Тоҷикистон ба ин кишвар дар зарфи 3 соли оянда ваъдаи боз 6 миллиард доллар қарзу кумаки бештар дод.

Беш аз 3 миллиарди он, қарор аст, барои сохтани 400 километр қисмати тоҷикистонии хатти чоруми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ – Чин сарф шавад. Ин лӯлаи газ конҳои гази Туркманистонро ба вилоятҳои ғарбии Чин мепайвандад, вале тибқи тавофуқ, Тоҷикистон танҳо пули транзити газро мегирад ва ҳаққи гирифтани газ аз ин лӯла барои таъмини иқтисодашро надорад.

Тоҷикистон ба далели ёриҳои саршори иқтисодиаш Чинро кайҳо боз аз ҷумлаи шарикони стротегии худ мешиносад ва зимни анҷоми сафари давлатии Сӣ Ҷинпин, ҳамтои тоҷики ӯ Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба таври бесобиқа барои Сӣ Ҷинпин ва ҳамсари ӯ дар манзилаш дар шаҳри Душанбе зиёфат орост.

Аммо бархе иқтисоддонҳо дар пасманзари афзоиши босуръати саҳми Чин дар таркиби қарзҳои хориҷии Душанбе ва дархости боз ним миллиард доллар қарзи дигар аз Бонки давлатии рушди Чин изҳори ташвиш мекунанд, ки агар Душанбе дар пардохти ин қарзҳои афзояндааш дасткӯтоҳӣ кунад, маҷбур мешавад, шартҳои Пекин, аз ҷумла дар мавриди дар бозори кораш пазируфтани шумори бештари коргарон аз он кишварро бипазирад.

Бо онки беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ҳар сол барои таъмини рӯзгори худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд, бино ба ҳисобҳо, дар Тоҷикистон ва асосан дар сохтмони роҳҳо ва дар бозорҳояш то 5000 нафар аз Чин кор мекунанд. Дар айни замон онҳое ҳам зиёданд, ки аз меҳнатдӯстии чиниҳо ситоиш мекунанд ва мегӯянд, онҳо бахусус дар бахши кишоварзӣ заминҳоеро, ки солҳо боз истифода намешуд, аз нав ба кор дароварданд.

XS
SM
MD
LG