Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доварон аз Баҳрайн дар бозии Тоҷикистон ва Австралия


Бозии сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралияро ҳакамон аз Баҳрайн доварӣ мекунанд.

Доварони бозии сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия, қаҳрамони Осиё, ки 8 сентябр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад, аз Баҳрайн мебошанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, довари ФИФА Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусейнин 42-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Муҳаммад Ҷаъфар Муҳаммад Салмони 35-сола ва Навоф Шоҳин Халифа Мӯсои 36-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Абдулазиз Юсуф Абдулло эҳтиётиро бар дӯш дорад. Масъуд Муродӣ аз Эрон нозири доварон ва Ту Силианг низ Чин комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Ҷамил Ҷумъа ду бор бозиҳоро бо ширкати мунтахаби миллии Тоҷикистон ба ҳайси сардовар ҳакамӣ кардааст. Вай соли 2013 дар бозии сабқати интихобии Ҷоми даъвати АФК-2014 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Макао (3:0), имсол бошад, дар бозии марҳилаи интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016 байни ҷавонони зери 23-сола миёни дастаҳои Тоҷикистон ва ИМА (0:3) сардовар буд.

Ҳоло дар гурӯҳи “В” се даста – Урдун, Қирғизистон ва Австралия сеимтиёзӣ, Тоҷикистон ва Бангладеш якимтиёзӣ доранд. Урдун ва Австралия як бозӣ, се дастаи дигар ду бозӣ анҷом додаанд.

Ёдовар мешавем, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Мубин Эргашеви 41-сола, ки 28 июли соли равон иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъин шуд. мунтахаби кишварро ба бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 омода месозад. Эргашев дар ин вазифа Мӯҳсин Муҳаммадиевро, ки баъди нокомии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар оғози сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 аз вазифааш истеъфо дод, иваз кард.

Дарвоқеъ, Мубин Эргашев имсол тавонист, ки дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистонро ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми AFC (Конфедератияи футболи Осиё) барорад. "Истиқлол” муборизаро барои Ҷоми AFC идома медиҳад.

Ба ситоди мураббиёни мунтахаби миллии кишвар мутахассиси 48-солаи украинӣ Роман Пилипчук, Аслиддин Ҳабибуллоев ва Никола Лазаревич, ки дар дастаи “Истиқлол” ёварони Эргашев мебошанд, дохил шудаанд. Ҳабибуллоев мураббии дарвозабонҳо, мутахассиси сербиягӣ Лазаревич бошад, мураббӣ оид ба омодагии ҷисмонии мунтахаби Тоҷикистон мебошанд.

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2018 дар гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Урдун – 1-3

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон – 1-1

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Австралия. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун– Тоҷикистон

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш. Соати 17:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – Тоҷикистон

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG