Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Португалия ба Италия. Мақоми аввали қаиқрони тоҷик


Шаҳриёр Даминов (аз тарафи рост) бо Нодир Сафаров
Шаҳриёр Даминов (аз тарафи рост) бо Нодир Сафаров

​Шаҳриёр Даминов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии қаиқронии ҷаҳон байни ҷавонон дар Португалия дар сабқати гурӯҳӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ байни ҷавонони синнашон аз 18 то 23-сола, ки бо ширкати ҳудуди 500 варзишгар аз 37 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Лиссабони Португалия баргузор шуд, Тоҷикистонро танҳо як нафар - Шаҳриёр Даминов – намояндагӣ кард. Вай дар каноэи яккаса ба масофаи 1000 метр дар сабқати ниҳоии гурӯҳи “В” бо натиҷаи 4 дақиқаю 06,948 сония ғолиб шуд.

Дар гурӯҳи «А» Сергей Торновский аз Молдова бо натиҷаи 3 дақиқаю 53 сония мақоми аввалро касб кард. Ба ин тариб, Шаҳриёр Даминов дар ҷамъбасти умумӣ дар байни 36 нафар ҷойи ҳафтумро соҳиб шуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Нодир Сафаров, дабири кулли Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон, рӯзи 4 август хабар дод.

Вай афзуд, «натиҷаи нишондодаи қаиқрони ҷавони мо Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон дар таърихи ин намуди олимпии варзиш дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон беҳтарин аст. Шаҳриёри 18-сола донишҷӯи бахши дувуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад ва шаш сол аст, ки ба қаиқронӣ машғул аст”.

Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, Шаҳриёр Даминов бо натиҷаи нишондодааш дар Португалия ҳуқуқ пайдо кард, дар мусобиқаи қаҳрамонии қаиқронии ҷаҳон байни бузургсолон, ки рӯзҳои 20-24 август дар шаҳри Милани Италия баргузор мешавад, ширкат варзад.

Ёдовар мешавем, Шаҳриёр Даминов соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Самарқанд дар каноэи яккаса ба масофаи 200 метр бо натиҷаи 00:43.989 мақоми севумро соҳиб шуда, бо медали биниҷӣ сарфароз гашта буд. Дарвоқеъ, ин нахустин медали қаиқронони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG