Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии пешсафон дар оғози давраи дувуми сабқати лигаи олӣ


Давраи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи якуми август бо пирӯзии пешсафон шурӯъ шуд.

Дар марҳилаи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки баъди танаффуси якмоҳа рӯзи якуми август шурӯъ шуд, дастаҳои пешсаф пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дар даври даҳуми мусобиқа рӯзи шанбе панҷ бозӣ барпо гардид. Дар ду бозӣ мизбонон ғолиб омаданд. “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат бар «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода низ бар дастаи меҳмон - ССКА «Помир»-и Душанбе - бо ҳисбои 1:0 ғалаба кард.

Дар се бозии дигари даври даҳуми мусобиқа меҳмонон пирӯзӣ ба даст оварданд. «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан аз «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд. «Барқи тоҷик»-и Душанбе бозиро ба «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:3 бохт. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа низ дар майдони худ аз «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 0:3 мағлуб гашт.

Ба ин тартиб дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 30 имтиёз дар мақоми аввал аст. “Хуҷанд” бо 23 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Дастаҳои “Хайр” ва “Регар-ТадАЗ” бо 19-имтиёзӣ дар зинаҳои севуму чорум қарор доранд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 10-ум

«ХАЙР» — «ПАРВОЗ» — 1:0

Гол: Меҳроҷиддин Музаффаров.

«РЕГАР-ТАДАЗ» — ССКА «ПОМИР» — 1:0
Гол:
Комил Саидов, 43.

«БАРҚИ ТОҶИК» — «ХУҶАНД» — 1:3
Гол
ҳо: Фирӯз Раҳматов – Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров, Ҷаҳонгир Эргашев.

«ВАХШ» — «ИСТИҚЛОЛ» — 0:3

Голҳо: Хуршед Маҳмудов, 64 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 65 (0:2). Фатҳулло Фатҳуллоев, 76 (0:3).

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — «РАВШАН» — 3:4

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

10

10

0

0

37-2

30

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

10

7

2

1

19-7

23

3

«Хайр» (Ваҳдат)

10

6

1

3

15-13

19

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

10

5

4

1

15-7

19

5

«Равшан» (Кӯлоб)

10

5

2

3

21-20

17

6

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

10

3

2

5

13-16

11

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

10

3

2

5

7-13

11

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

10

1

3

6

3-18

6

9

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

10

1

2

7

6-19

5

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

10

0

0

10

1-22

0

Даври 11-ум

8 август (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 18:00

ССКА «Помир» — «Далерон-Ӯротеппа»
«Равшан» — «Барқи тоҷик»
«Парвоз» — «Регар-ТадАЗ»
9 август (якшанбе)
«Истиқлол» — «Хайр»
«Хуҷанд» — «Вахш»

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG