Рӯзи 1 август дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии даври гурӯҳии мусобиқа барои Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе оид ба футболи хурд доир хоҳад шуд.
Ба иттилои масъулини бошгоҳи футболи “Истиқлол”, дар ин мусобиқа дастаҳои вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои бонкӣ, сохторҳои қудратӣ, сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ ширкат хоҳанд кард.
Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми клуби футболи “Истиқлол”, ки барои бори сеюм барпо мегардад, ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст. Мусобиқаи имсола рӯзи 8 август шурӯъ шуда, як моҳ идома хоҳад кард. Бозиҳо дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор мешаванд.
Аъзоҳақӣ барои ширкат дар ин мусобиқа 3 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Бар асоси дастур ба мусобиқа бозигарони синнашон аз 24- сола боло роҳ дода мешаванд. Бозигарони дастаҳои лигаҳои оливу якум ва ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ҳуқуқи дар ин мусобиқа иштирок карданро надоранд.
Маблағи ҷавоизи мусобиқаи имсола 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 40 ҳазор сомонӣ, ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Дастае, ки ҷойи севумро мегирад, соҳиби 10 ҳазор сомонӣ мегардад. Инчунин роҳбарони дастаҳои ҷоизадор ва бозигарону доварони беҳтарин бо ифтихорномаю ҷоизаҳои молӣ сарфароз хоҳанд шуд.
Қабули дархост барои ширкат дар Ҷоми «Истиқлол» идома дорад ва бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд.
Ёдовар мешавем, дастаи ФФТ - Федератсияи футболи Тоҷикистон – ду бор барандаи Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» гардидааст. Ин даста ду бор дар бозиҳои ниҳоӣ бар тими “Вавилон”и Душанбе пирӯз шудааст. ФФТ дар мусобиқаи аввалин соли 2013 бар «Вавилон» бо ҳисоби 4:1 ва соли гузашта бо ҳисоби 6-4 ғолиб омадааст.