Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нимпайкараи Робиндранат Такур дар Душанбе


Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон, дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон, ки 12-13 июл сурат хоҳад гирифт, аз нимпайкараи Робиндранат Такур -- шоир ва мутафаккири ин кишвар дар Душанбе пардабардорӣ хоҳад кард.

Абдулфайз Атоӣ, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 10 июл гуфт, маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи Робиндранат Такур баъд аз зуҳри 13 июл дар кӯчаи Бухоро, наздикии бинои сафорати Ҳиндустон, сурат мегирад. Ин нимпайкара бо маблағгузории Тоҷикистон ва Ҳиндустон бунёд гардида, меъмораш Зуҳуриддин Сироҷиддин, аз меъморони шинохтаи Тоҷикистон будааст.

Робиндранат Такур, ки 7 майи соли 1861 таваллуд ва 7 августи соли 1941 вафот кардааст, шоир, нависанда, оҳангсоз, мусаввир ва ходими давлатии саршиноси Ҳиндустон мебошад. Дар гузашта дар назди бинои сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе нимпайкараи ходими сиёсии ин кишвар - Мҳатма Гандӣ низ гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG