Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ голи беҷавоби "Равшан" ба дарвозаи "Далерон-Ӯротеппа"


​«Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшанро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод.

Се бозии даври охирини марҳалаи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шоми 27 июн ба поён расид. Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ тими «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшанро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Ду голи ғолибро легионери эронӣ Ҳусейни Сӯҳробӣ зад ва дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин бо 6 гол ба ҷойи аввал баромад. Се голи дигари “Равшан”-ро Наврӯз Рустамов, Индус Ҳусейнов ва Шодибек Ғаффоров ба самар расонданд.

Дар бозии дигри даври 9-ум дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд, ки дар майдони худ бар тими “Барқи тоҷик»-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад, бо 20 имтиёз мавқеашро дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа устувор намуд. Голро Иброҳим Рабимов дар оғози нимаи дуюми бозӣ ба ҳадаф расонд.

Бозии даври 9-ум байни дастаҳои ССКА “Помир”-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.

Боз ду бозии даври 9-ум бегоҳи имрӯз, 28 июн баргузор мешавад. Пешсафи мусобиқа - «Истиқлол»-и Душанбе - дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Хайр»-и Ваҳдат дар меҳмонӣ бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров рақобат мекунанд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 9-ум

«ХУҶАНД» — «БАРҚИ ТОҶИК» — 1:0

Гол: Иброҳим Рабимов, 49.

Огоҳонида шуданд: Сафархон Мирзоев, Самад Шоҳзуҳуров («Хуҷанд»).

Хориҷ шуд: Ҳокимҷон Ҳасанов («Барқи тоҷик»), 83 – барои таҳқири сардовар.

ССКА «ПОМИР» — «РЕГАР-ТАДАЗ» — 0:0

Огоҳонида шуданд: Парвиз Қашқаров, Беҳзод Шарифов (ССКА «Помир»), Фирӯз Қараев, Далерҷон Тухтасунов, Абдулло Саидов («Регар-ТадАЗ»).

«РАВШАН» — «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — 5:0

Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 18 (1:0). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 20 (2:0). Наврӯз Рустамов, 85 (3:0). Индус Ҳусейнов, 90 (4:0). Шодибек Ғаффоров, 90+2 (5:0).

28 июн (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 18:00

«ИСТИҚЛОЛ» — «ВАХШ»

«ПАРВОЗ» — «ХАЙР»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

8

8

0

0

29-2

24

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

9

6

2

1

16-6

20

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

9

4

4

1

14-7

16

4

«Равшан» (Кӯлоб)

9

4

2

3

17-17

14

5

«Хайр» (Ваҳдат)

8

4

1

3

12-12

13

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

9

3

2

4

7-12

11

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

9

3

2

4

10-12

11

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

8

1

3

4

3-10

6

9

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

9

1

2

6

5-16

5

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

8

0

0

8

0-19

0

Нишонзанҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ («Равшан») – 6 тӯб, Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳарду — «Истиқлол»), Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Ҳасан Рустамов («Хуҷанд») – 5-тӯбӣ, Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»), Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир») – 4-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG