Мунтахаби наврасони Тоҷикистон рӯзи 25 июн дар даври сеюми гурӯҳии мусобиқаи 8-уми байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Қазоқистон байни футболбозони синнашон зери 17-сола дар Остона аз тими мизбонон бо ҳисоби 1-2 мағлуб гашт.
Ҳисобро дар қисми аввали бозӣ, дар дақиқаи 26-ум Рамз Амрохонов, бозигари мунтахаби наврасони Тоҷикистон, боз кард. Вале , Бортай, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 40+2 ҳисобро баробар намуд. Голи дувум ва ҳалкунандаро ба дарвозаи футболбозони навраси тоҷик Таласбоев дар дақиқаи 80+7 зад.
Дар бозии дигари гурӯҳи “А” рӯзи панҷшанбеи 25 июн мунтахаби Испания тими Қазоқистонро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод. Ба ин тартиб, мунтахаби Испания бо 9 имтиёз дар гурӯҳи “А”мақоми аввалро касб кард. Дастаи мизбон – Қазоқистон – бо 6 имтиёз дувум шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт. Дастаи Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд.
Ёдовар мешавем, мунтахаби наврасони Тоҷикистон 22 июн дар нахустин даври ин мусобиқа аз тими Испания бо ҳисоби 0-3 мағлуб гашта, 23 июн дар даври дуюм бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2-1 ғолиб омада буд.
Ба гурӯҳи «В» дастаҳои Русия-2, Беларус, Озарбойҷон ва Гурҷистон шомил буданд. Дар ин гурӯҳ дастаҳои Озарбойҷону Гурҷистон 7-имтиёзӣ гирифтанд, таносуби тӯбҳояшон низ баробар аст – 4-1. Ғолиби гурӯҳ аз рӯи шумораи ками кортҳои зарду сурх муайян шуд. Мунтахаби Озарбойҷон, ки аз ин ҷиҳат бартарӣ дошт, мақоми аввалро соҳиб гашт. Дастаи Гурҷистон дувум шуд. Дастаи Русия-2 ҷойи севумро ишғол кард. Мунтахаби Беларус бидуни имтиёз дар ҷойи охирин қарор гирифт.
Ҳамин тариқ, ғолибони гурӯҳҳо – Испания ва Озарбойҷон - ба бозии ниҳоӣ, ки бегоҳи ҷумъаи 26 июн баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.
Дастаҳои дигар барои ҷойҳои минбаъда талош хоҳанд кард. Мунтахаби Тоҷикистон, ки аз идомаи мубориза барои медалу ҷоизаҳои молӣ маҳрум гашт, барои ҷойҳои 5-6-ум имрӯз, 26 июн, бо дастаи Русия-2 вориди рақобат мешавад.
Маблағи ҷавоизи мусобиқа 20 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа ба ҷуз Ҷоми президенти Қазоқистон бо 10 ҳазор доллар сарфароз мегардад. Ба дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, 6 ҳазор доллар ва ба дастае, ки ҷойи севумро азони худ мекунад, 4 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.
Гурӯҳи «А». Даври 3-юм
Қазоқистон - Тоҷикистон — 2:1
Голҳо: Рамз Амрохонов, 26 (0:1). Бортай, 40+2 (1:1). Таласбоев, 80+7 (2:1).
Қазоқистон: Сейсен, Аманҷол (Кудайбердинов, 41), Бортай, Турсинбай, Ярков (Иргебоев, 59), Каримов (Таласбоев, 64), Жаксилик, Жакипбоев (Кан, 59), Орал (Пайруз, 59), Кусяпов, Айманов (Хан, 59).
Тоҷикистон: Далер Азизов, Ваҳдат Ханонов, Зиёвуддин Фузайлов (Шамсулло Ҷӯраев, 80+3), Ҳусейн Нурматов, Аслам Камолов (Аваз Камчинов, 41), Султоншо Мирзоев, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Исломиддин Ғоибов (Искандар Солиев, 41), Мубинҷон Муъминов, Фаридун Неъматов (Шервонӣ Мабатшаев, 67), Рамз Амрохонов (Амир Иброҳимов, 80+3).
25 июн. Остона. Варзишгоҳи «Остона-Арена». 500 тамошобин.
Қирғизистон – Испания – 0-8
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “А”:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Испания |
3 |
3 |
1 |
0 |
16-0 |
9 |
2 |
Қазоқистон |
3 |
2 |
0 |
1 |
5-7 |
6 |
3 |
Тоҷикистон |
3 |
1 |
0 |
2 |
3-6 |
3 |
4 |
Қирғизистон |
3 |
0 |
0 |
3 |
2-13 |
0 |
Гурӯҳи «В». Даври 3-юм
Гурҷистон –– Озарбойҷон - 0:0
Русия-2 – Беларус – 2:1
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Озарбойҷон |
3 |
2 |
1 |
0 |
4-1 |
7 |
2 |
Гурҷистон |
3 |
2 |
1 |
0 |
4-1 |
7 |
3 |
Русия-2 |
3 |
1 |
0 |
2 |
2-4 |
3 |
4 |
Беларус |
3 |
0 |
0 |
3 |
3-7 |
0 |
Бозиҳои ниҳоӣ
26 июн (ҷумъа)
9.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум – Қирғизистон - Беларус
11.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум – Тоҷикистон – Русия-2
13.00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум – Қазоқистон - Гурҷистон
18.00 – Бозии ниҳоӣ – Испания - Озарбойҷон
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.