Бозиҳои ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки мебоист 4-5 июл баргузор мешуданд, каме дертар 25-26 июл барпо мегарданд. Бозиҳои ҷавобӣ бошанд, 11-12 август доир мешаванд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 25 июн хабар доданд.
Ба иттилои ин манбаъ чунин тасмими Лигаи миллии футболи Тоҷикистон бо хоҳиши аксарияти дастаҳо гирифта шудааст. Қуръакашии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 16 июл дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи кишвар доир хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки дастаҳои лигаи олӣ ба мубориза барои Ҷоми Тоҷикистон аз даври ҳаштякниҳоӣ ҳамроҳ мешаванд.
Ба ин тартиб, баъди анҷоми бозиҳои даври охирини марҳалаи аввал (27-28 июн) ва бозиҳои даври ҳафтуми сабқати лигаи якум (26 ва 28 июн), дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва лигаи аввал танаффуси якмоҳа эълон мешавад.
Инчунин бозии даври 9-уми сабқати лигаи олӣ байни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Хайр»-и Ваҳдат аз 27 июн ба 28 июн гузаронида шудааст. Бозии ҳайатҳои ҷавонони ин дастаҳо 27 июн барпо мегардад.