Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бохти пешсафи сабқати лигаи аввали футболи Тоҷикистон


“Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ – пешсафи мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон – аз “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд.

Дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо 13 имтиёз пешсаф аст, дар даври шашум дар меҳмонӣ аз тими “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти “Кӯктош” дар мавсими имсола ба шумор меравад.

Дастаи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ, ки бо 12 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад, дар даври гузашта ғайричашмдошт дар майдони худ аз тими “Исфара”-и шаҳри Исфара бо ҳисоби 1-2 мағлуб гашт.

Дастаи “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, ки бо 12 имтиёз мақоми севумро касб кардааст, бозиро дар шаҳри Хуҷанд бо тими “Эсхата” бо ҳисоби мусовии 2-2 анҷом дод. Дарвоқеъ, то ҳоло ду даста - “Панҷшер” ва “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ - бохт надоранд.

Дар ду бозии дигари даври шашум “Канд”-и Конибодом дар майдони худ бар ”Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби 1-0 ва “Локомотив”-и Душанбе бар “Чашма”-и Шаҳритус бо ҳисоби 3-2 пирӯз шуданд.

Мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон

Натоиҷи бозиҳои даври 6-ум

«Саройкамар» — «Исфара» — 1:2

«Канд» — «Зарафшон» — 1:0

«Локомотив» — «Чашма» — 3:2

«Ҳосилот» — «Кӯктош» — 1:0

«Эсхата» — «Панҷшер» — 2:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

6

4

1

1

15-4

13

2

«Саройкамар» (Панҷ)

5

4

0

1

12-2

12

3

«Панҷшер» (Румӣ)

6

3

3

0

10-4

12

4

«Исфара» (Исфара)

6

4

0

2

11-8

12

5

«Ҳулбук» (Восеъ)

5

3

2

0

5-2

11

6

«Эсхата» (Хуҷанд)

5

3

1

1

17-7

10

7

«Ҳосилот» (Фархор)

6

3

1

2

9-8

10

8

«Чашма» (Шаҳритус)

5

2

0

3

11-8

6

9

«Помир» (Душанбе)

5

2

0

3

5-9

6

10

МТО (Хуҷанд)

4

1

0

3

5-16

3

11

«Локомотив» (Душанбе)

6

1

0

5

5-17

3

12

«Канд» (Конибодом)

6

1

0

5

3-17

3

13

«Зарафшон» (Панҷакент)

5

0

0

5

3-9

0

Нишонзанҳо: Фирдавс Зайнуллозода («Чашма») – 7 тӯб, Ҳусейнхон Ҷалолов («Эсхата») – 6 тӯб, Адҳамҷон Абдуллоев («Кӯктош»), Абдухалил Боронов («Панҷшер») – 5-тӯбӣ.

Бозиҳои даври 7-ум:

26 июн (ҷумъа)

Оғози бозӣсоати 18:00

«Зарафшон» — «Локомотив»

28 июн (якшанбе)

Оғози бозиҳосоати 18:00

«Панҷшер» — МТО

«Кӯктош» — «Эсхата»

«Чашма» — «Ҳосилот»

«Ҳулбук» — «Канд»

XS
SM
MD
LG