Чаҳор бозии даври ҳаштуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ шоми якшанбеи 21 июн хотима ёфт. Бояд гуфт, ки дар се бозӣ 8 нафар, аз он ҷумла 5 нафар дар бозӣ байни дастаҳои “Вахш” – “Хуҷанд”, корти сурх гирифтанд.
Дар ду бозӣ меҳмонон пирӯз шуданд. ССКА «Помир» (Душанбе) бар тими мизбон - «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) – бо ҳисоби 2-1 ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) бар «Вахш» (Қӯрғонтеппа) бо ҳисоби 3-1 ғолиб омаданд.
Дар як бозӣ дастаи мизбон – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бар тими «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) бо ҳисоби 3-0 ғалаба кард. Ва як бозӣ байни дастаҳои «Барқи тоҷик» (Душанбе) — «Равшан» (Кӯлоб) бо ҳисоби мусовии 2-2 ба охир расид.
Бозии охирини даври ҳаштум байни дастаҳои «Хайр» (Ваҳдат) ва «Истиқлол» (Душанбе) 24 июн дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар барпо мегардад.
Чемпионати Тоҷикистон Лигаи олӣ. Даври 8-ум
«БАРҚИ ТОҶИК» (Душанбе) — «РАВШАН» (Кӯлоб) — 2:2
Голҳо: Суннатулло Холов, 4 (0:1). Сорбон Карамов, 8 (1:1). Шодибек Ғаффоров, 65 (1:2). Самад Шоҳзуҳуров, 71 (2:2).
Огоҳонида шуданд: Сорбон Карамов, Самад Шоҳзуҳуров («Барқи тоҷик»), Суннатулло Холов, Саидхони Амрохон, Сайидамири Сайидаҳмад («Равшан»).
Хориҷ шуданд: Сорбон Карамов («Барқи тоҷик»), 65 – барои бадахлоқӣ, Суннатулло Холов («Равшан»), 65 – барои бадахлоқӣ.
«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) — «ПАРВОЗ» (Б. Ғафуров) — 3:0
Голҳо: Комил Саидов, 33 (1:0). Комил Саидов, 65 (2:0). Комрон Турсунов, 83 (3:0).
Огоҳонида шуданд: Комрон Турсунов, Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»), Маъруф Марифбоев, Хуршед Воҳидов, Шероз Абдуллоев («Парвоз»).
«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» (Истаравшан) — ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - 1:2
Голҳо: Абдусамад Ҳоҷибоев, 21 (1:0). Рустам Толибов, 60 (1:1). Давронҷон Тухтасунов, 89 (1:2).
Хориҷ шуданд: Беҳзод Мӯсоев («Далерон-Ӯротеппа»), 75 – барои бо оринҷи даст задани ҳариф.
Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир») дар дақиқаи 75-ум тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф расонида натавонист.
«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) — «ХУҶАНД» (Хуҷанд) — 1:3
Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 23 – аз пеналтӣ (1:0). Фирӯз Бобиев, 52 (1:1). Ҷаҳонгир Алиев, 55 (1:2). Ҳасан Рустамов, 59 (1:3).
Хориҷ шуданд: Қаноат Латифов (мураббии калони «Хуҷанд»), 25 – барои таҳқири доварон, Соҳиб Ҳакимов («Хуҷанд»), барои таҳқири нозири бозӣ ҳангоми танаффус, Фаррух Бердиев (мураббии дарвозабонҳои «Хуҷанд»), 55, Валерий Кашуба («Хуҷанд»), 69 – барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ, Ҳасан Рустамов («Хуҷанд»), 77 – барои таҳқири тамошобинон.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
7 |
7 |
0 |
0 |
28-2 |
21 |
2 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
8 |
5 |
2 |
1 |
15-6 |
17 |
3 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
8 |
4 |
3 |
1 |
14-7 |
15 |
4 |
«Хайр» (Ваҳдат) |
7 |
4 |
1 |
2 |
12-11 |
13 |
5 |
«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) |
8 |
3 |
2 |
3 |
10-7 |
11 |
6 |
«Равшан» (Кӯлоб) |
8 |
3 |
2 |
3 |
12-17 |
11 |
7 |
ССКА «Помир» (Душанбе) |
8 |
3 |
1 |
4 |
7-12 |
10 |
8 |
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) |
8 |
1 |
3 |
4 |
3-10 |
6 |
9 |
«Барқи тоҷик» (Душанбе) |
8 |
1 |
2 |
5 |
5-15 |
5 |
10 |
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) |
8 |
0 |
0 |
8 |
0-19 |
0 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд») – 5-тӯбӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан»), Комрон ТУРСУНОВ («Регар-ТадАЗ»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир») – 4-тӯбӣ, Наполеон АНДОХ («Хайр»), Бледа РОДРИГЕС («Истиқлол») – 3-тӯбӣ.
Бозиҳои боқимондаи марҳалаи аввал:
Бозии охирини даври 8-ум
24 июн (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
«Хайр» — «Истиқлол»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
Даври 9-ум
27 июн (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 18:00
«Хуҷанд» — «Барқи тоҷик»
«Парвоз» — «Хайр»
ССКА «Помир» — «Регар-ТадАЗ»
«Равшан» — «Далерон-Ӯротеппа»
28 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
«Истиқлол» — «Вахш»