Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров аз Марокаш бо медали биринҷӣ баргашт


Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge”дар Марокаш медали биринҷӣ ба даст овард.

Гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалии силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge”, ки дар шаҳри Работи Марокаш бо ширкати нӯҳ варзишгари беҳтарини дунё баргузор шуд, бо натиҷаи 76 метру 95 сантиметр мақоми севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Дар ин мусобиқа, ки бо номи “Mohammed VI d’Athletisme de Rabat» сурат гирифт, Павел Файдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 79 метру 90 сантиметр ҷойи аввал ва Кристиан Парс аз Маҷористон бо натиҷаи 77 метру 81 сантиметр ҷойи дувумро гирифтанд.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров аз байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардидааст. Вай дар мусобиқаи анъанавии ҷаҳонии силсилаи Гран-При «Оstrava golden spike» оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79,36 метр мақоми дувумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон медиҳад, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзҳои 22-30 августи соли равон дар Пекин (Чин) баргузор мешавад ва дар Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) ширкат варзад.

Бояд гуфт, ки Олимпиадаи соли 2016 барои Дилшод Назаров чаҳорумин Бозиҳои олимпӣ хоҳад шуд. Вай аввалин бор соли 2004 дар Бозиҳои олимпии Афина (Юнон) ширкат кардааст. Ӯ дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин ҷойи 11-ум ва дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон ҷойи 10-умро гирифта буд.

Дилшод Назаров ду ҳафта пеш дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Ухани Чин баргузор шуда буд, бо натиҷаи 77 метру 68 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт. Бояд гуфт, ки вай барои севумин бор ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудааст.

Ҳолномаи Дилшод Назаров

6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон. Оиладор. Соҳиби ду фарзанд.

Ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003). Ҷойи 2-юм дар Бозиҳои Африқоиву Осиёӣ (Ҳиндустон, 2003). ҒолибиБозиҳои I кишварҳои исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005).
Ҷойҳои 2-юм дар чемпионатҳои Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2005, Урдун, 2007). Қаҳрамони секаратаи Осиё (Чин, 2009, Ҳиндустон, 2013, Чин, 2015).

Ғолиби секаратаи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар (2006), Чин (2010) ва Кореяи ҷанубӣ (2014). Ширкаткунандаи Бозиҳои олимпӣ дар Афина (2004), Пекин (2008), Лондон (2012). Ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ (2009-2013).

Рекорди инфиродиаш 80 метру 31 сантиметр (2013) мебошад. Дилшод Назаров моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG