Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадиев: "Дигар чора нест, бояд 3 имтиёз ба даст орем"


Мунтахаби футболи Тоҷикистон имрӯз, 16 июн, дар Дакка бо тими миллии Бангладеш бозӣ мекунад.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар даври дуюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” бо тими миллии Бангладеш вориди рақобат мешавад. Ин бозӣ имрӯз, 16 июн, соати 16:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Дар арафаи бозии Бангладешу Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ, ки 15 июн дар қароргоҳи Федератсияи футболи Бангладеш доир шудааст, Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, чунин гуфтааст: Ин аввалин сафари дастаи мо дар сабқати интихобӣ ба шумор меравад ва мо ба ин бозӣ омодагии ҷиддӣ мебинем, зеро ки дар бозии аввал, ба мисли мунтахаби Бангладеш, шикаст хӯрдем. Ҳарчанд ки Бангладеш дар раддабандии ФИФА дар ҷойи 166-ум қарор дорад, ин аз ҳеҷ чиз дарак намедиҳад. Ҳар як рақибро эҳтиром бояд кард ва ба бозӣ хеле сарҷамъ бояд шуд. Ҳоло рақибони камқувват нестанд ва ҳеҷ кас имтиёз тӯҳфа намекунад. Бинобар ин бозӣ хеле шавқовар хоҳад шуд. Мо аз хатоҳое, ки боиси бохт дар бозии аввал аз тими Урдун шуд, хулосаҳои зарурӣ баровардем ва танҳо баҳри ғалаба ба майдон меоем. Бояд се имтиёз ба даст биёрем, дигар илоҷе надорем.

Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон афзуд, "мо дар бораи мунтахаби Бангладеш иттилои кофӣ дорем. Мо пораҳои навори бозиҳои охирини Бангладешро бо мунтахаби Қирғизистон (1:3) тамошо кардем, инчунин бозиҳои охирини дӯстонаашро, аз он ҷумла бо мунтахаби Афғонистон (1:1) омӯхтем”.

Дар ин нишаст, инчунин Алишер Тӯйчиев, дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон, ба хабарнигорон чунин иброз доштааст: Бозӣ бо Бангладеш барои мо хеле мураккаб мешавад. Вале ба эҳтироми мо нисбат ба рақибамон нигоҳ накарда, мо ба ин ҷо барои пирӯзӣ омадаем. Мо кӯшиш мекунем, ки қувваамонро комилан барои натиҷаи дилхоҳ сарф кунем. Рақиб дар хона бозӣ мекунад, бинобар ин ба мо дарди сар шавад. Агар ҳамаи бозигаронамон дастури ситоди мураббиёнро иҷро намоянд, мо ба хона бо се имтиёз бармегардем”.

Баъдан дар ин нишаст Людовик Де Круиф, сармураббии мунтахаби Бангладеш, гуфтааст, ки бозии рақибамонро бо мунтахаби Урдун тамошо кардем. Гуфта метавонем, ки Тоҷикистон дастаи пурқувват аст, ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ, ҳам аз ҷиҳати техникӣ ва тактикӣ.

Сармураббии дастаи Бангладеш ҳини нишасти хабарӣ.
Сармураббии дастаи Бангладеш ҳини нишасти хабарӣ.

Барои мо ин метавонад мушкилӣ биёрад. Вале бартарии мо дар он аст, ки дар хона бозӣ мекунем. Мо таҷрибаи бозии гузашта бо Қирғизистонро дорем. Мо умедворем, ки ин дафъа ба бозӣ мухлисони зиёд омада, дастаи моро дар бозии душвор дастгирӣ мекунанд”.

Мамунул Ислом, капитани мунтахаби Бангладеш, ба хабарнигорон иброз доштааст, “Тоҷикистон дастаест, ки сатҳаш тақрибан ба Қирғизистон баробар аст. Ва Тоҷикистон нисбат ба мо аз ҳамаи нишондодҳо хеле қавист. Вале мо мекӯшем, ки дар ин бозӣ натиҷаи мусбат ба даст биёрем”.

Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, ба бозӣ муқобили Бангладеш ба ҳайати даста 21 бозигарро шомил кардааст. Вале ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, се ҳимоятгари асосии дастаи мунтахаби кишвар - Давронҷон Эргашев, Фарҳод Восиев ва Эраҷ Раҷабов бо сабабҳои мухталиф ба Дакка нарафтанд. Эргашев ва Раҷабов дар бозӣ бо мунтахаби Урдун (1:3) ҷароҳат бардоштаанд, Восиев бошад, ба бошгоҳи худ – «Газовик»-и Оренбурги Русия баргаштааст.

Ҳайати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳарду – «Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия), Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванкулов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Алишер Сафаров (ҳама – «Истиқлол»), Қувватбек Равшанбеков («Вахш»);

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарифов, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов (ҳарду – «Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Хуҷанд»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Бозии дигари гурӯҳи “В” байни дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Австралия шоми имрӯз, соати 19:00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2018 дар гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Урдун – 1-3

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Австралия. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун – Тоҷикистон

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш. Соати 17:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – Тоҷикистон

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG