Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба Тоҷикистон меояд


Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, рӯзи 15 июн бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меояд.

Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, рӯзи 15 июн бо сафари корӣ ба Душанбе меояд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Томас Бахро дар ин сафар Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиё ва ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои байналмилалии олимпӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Томас Бах ва Шайх Аҳмад дар доираи сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, мулоқот хоҳанд кард. Меҳмонон, инчунин, ба қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии кишвар ташриф меоваранд.

Бояд тазаккур дод, ки ин аввалин сафари Томас Бах ба Тоҷикистон мебошад. Раҳбарони Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё, инчунин ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ сафар мекунанд. Онҳо рӯзи 16 июн аз Душанбе ба Бишкек (Қирғизистон) мераванд.

XS
SM
MD
LG