Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Муҳаммадиев: "Танҳо дар фикри пирӯзӣ ҳастем" (2 ВИДЕО)


Имрӯз, 10 июн, дар шаҳри Душанбе пеш аз бозии мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Урдун нишасти хабарӣ баргузор шуд.

Рӯзи чоршанбеи 10 июн дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Тоҷ Палас”-и Душанбе пеш аз нахустин бозии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо тими миллии Урдун нишасти хабарӣ барпо гардид.

Нахуст Аҳмад Абдулқодир, сармураббии тими миллии Урдун, ба хабарнигорон чунин гуфт: “Ин бозӣ барои мо хеле муҳим аст. Ин бозии кушодашавии сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё дар қораи Осиё мебошад. Дар сабқати гурӯҳӣ ҳар як даста барои пирӯзӣ мубориза мебарад, зеро ки аз даст додани имтиёзҳо дар даври ниҳоӣ гарон меафтад. Шумо шояд донед, ки мунтахаби Урдун солҳои ахир хеле пешрафт кардааст. Бахусус дар мусобиқаи пешини қаҳрамонии ҷаҳон барои ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтан ҳамагӣ як қадам монда буд. Вале афсӯс, ки аз он маҳрум шудем. Ман бори дувум аст, ки ба Тоҷикистон

​меоям. Бори аввал бо дастаи “Зот Рас” муқобили “Равшан” дар Ҷоми АФК бозӣ карда будем. Дар бораи мунтахаби Тоҷикистон маълумоти кофӣ дорам. Кӯшиш мекунем, ки дар ин бозӣ се имтиёз ба даст биёрем. Мо медонем, ки солҳои охир футбол дар кишвари шумо рушд кардааст. Ман таманно мекунам, ки ин бозӣ бозии хуб шавад. Он чизе ки ман дар фикр доштам, амалӣ гардад ва аз ин бозӣ се имтиёз ба даст биёрем”.

Баъдан дар ин нишаст Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, чунин иброз дошт: “Бозӣ бисёр вазнин мешавад. Бо ин бозӣ давраи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон оғоз меёбад. Рақибамон хеле ҷиддист. Мо ба ин бозӣ хуб омодагӣ гирифтем ва умедворем, ки корамон омад мекунад. Дар бораи рақибамон иттилои кофӣ дорем. Бозиҳои мунтахаби Урдунро, аз он ҷумла бо мунтахаби Лубнон тамошо кардем, нақшаи бозиашонро омӯхтем. Ба ҳайати дастаи мо аз ҳама бештар - 16 нафар аз “Истиқлол”-и Душанбе даъват шудаанд ва онҳо дар Ҷоми АФК таҷоруби хуби байналмилалӣ касб кардаанд. Барои ширкат дар ин бозӣ, инчунин ду легионер – ҳимоятгарон Фарҳод Восиев аз бошгоҳи «Газовик»-и Оренбурги Русия ва Давронҷон Эргашевро аз тими «Жетису»-и Қазоқистон - даъват намудем. Вазифаи мо дар сабқати интихобӣ роҳ ёфтан ба даври баъдии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 мебошад. Мо ба дастгирии мухлисон, ки бозигари 12-уми даста ба шумор мераванд, ниёз дорем ва онҳоро ба Варзишгоҳи марказии Душанбе даъват менамоем. Мо тамоми қуввваро баҳри ғалаба сарф мекунем”.

Нишасти хабарии сармураббиёни Тоҷикистон ва Урдун
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

Инчунин Фарҳод Восиев, ҳимоятгари мунтахаби миллии Тоҷикистон, ба хабарнигорон гуфт, “мунтахаби Урдун ҳарифи сазовор ва хуб аст. Мо ба ин бозӣ ҳамаҷониба омода шудем, аз ҳариф наметарсем, вале эҳтиромаш мекунем. Ин бозии аввалин аст ва ба ҷуз пирӯзӣ моро дигар натиҷа қаноатманд карда наметавонад”.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад. Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Урдун шоми панҷшанбеи 11 июн соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шурӯъ мешавад.

Мухлисоне, ки ба тамошои ин бозӣ меоянд, имкони бурди мошини «Мерседес-Бенс»-ро доранд. Ба ҷуз мошин, телефони «iPhone 6» ва планшети «iPad» бурдҳои лотерея мебошанд. Нархи билетҳои маъмулӣ, ки аз 6 июн ба фурӯш бароварда мешаванд, 15 сомонӣ муқаррар шудааст. Тамшобинон бо ин билетҳо, инчунин дар бозии лотерея иштирок мекунанд.

Шонси кӣ бештар аст -- аз Тоҷикистон ва ё аз Урдун?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00

Ҳайати мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Қурбоналӣ Бобоев (ҳарду – «Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия), Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Далерҷон Тухтасунов («Регар-ТадАЗ»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванкулов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Алишер Сафаров (ҳама – «Истиқлол»), Қувватбек Равшанбеков («Вахш»);

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов, Парвизҷон Умарбоев, Умедҷон Шарифов, Ромиш Ҷалилов (ҳама – «Истиқлол»), Ҳасан Рустамов, Иброҳим Рабимов (ҳарду – «Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров (ҳарду – «Хуҷанд»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2018 дар гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Урдун. Соати 20:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Австралия. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун – Тоҷикистон

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш. Соати 17:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – Тоҷикистон

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG