Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Шодӣ Гулаёзовро аз дарё ёфтанд


Ҷасади Шодӣ Гулаёзов -- сардухтури бемористони марказии Хоруғ аз дарёи Тем пайдо шуда, то ҳол маълум нест, оё худкушӣ кардааст ваё дар пайи тасодуфи дигар ба ин вазъ гирифтор шудааст. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки ҷасади Гулаёзовро соати 11-и шашуми июн аз дарё берун овардаанд ва ҳоло таҳқиқи марги ӯ идома дорад. Чанд соли пеш ҳамсари ӯ дар як садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст. Шодӣ Гулаёзов то соли 2012 сардухтури беморхонаи вилояти Бадахшон буд, аммо дар пайи ноамниҳои ҳамон сол аз мақомаш барканор шуда, баъдан сардухтури бемористони марказии Хоруғ таъин гардид. Ҳамкоронаш аз ӯ ба унвони табиби ҳирфаӣ ном мебаранд ва мегӯянд, бо шунидани ин хабар дар ҳоли першониянд. Ӯ ҷарроҳ будааст.

XS
SM
MD
LG