Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё маълум шуданд


Қуръакашии даврҳои интихобии қаҳрамонии Осиё рақибони дастаҳои мунтахаби наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистонро маълум кард.

Бар асоси қуръакашии даврҳои интихобии қаҳрамонии Осиё байни наврасони зери 16-сола ва ҷавонони зери 19-сола, ки имрӯз, 5 июн, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) баргузор шуд, рақибони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон муайян шуданд.

Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки ба он сармураббӣ Зайниддин Раҳимов раҳбарӣ мекунад, дар даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 (U-16) дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои Қатар, Ироқ ва Туркманистон рақобат хоҳад кард. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 16 то 20 сентябр дар пойтахти Қатар – Доҳа – баргузор мешаванд.

Ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии наврасони Осиё, ки соли 2016 дар Ҳиндустон барпо мегардад, ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро ишғолнамуда аз рӯи нишондодҳои беҳтарин роҳ меёбанд.

Аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров дар даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 (U-19) дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои Ироқ, Баҳрайн ва Молдив бозӣ мекунад. Даври интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 2 то 6 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Аз рӯи натоиҷи даври интихобӣ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷавонони Осиё, ки соли 2016 дар Баҳрайн барпо мегардад, ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дувумро ишғолнамуда аз рӯи нишондодҳои беҳтарин роҳ меёбанд.

Қуръакашии даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 байни наврасон (U-16):

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: Узбакистон, Яман, Фаластин (мизбон), Молдив.

Гурӯҳи «В»: Непал, Умон, Қирғизистон (мизбон), Урдун.

Гурӯҳи «C»: Қатар (мизбон), Тоҷикистон, Ироқ, Туркманистон.

Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, ИМА, Покистон, Бангладеш (мизбон).

Гурӯҳи «E»: Эрон (мизбон), Баҳрайн, Ҳиндустон, Лубнон.

Гурӯҳи «F»: Сурия, Кувайт (мизбон), Афғонистон, Шри-Ланка.

Минтақаи Шарқ

Гурӯҳи «G»: Малайзия, Лаос, Филиппин, Ҷазоири Мариани Шимолӣ, Тимори шарқӣ.

Гурӯҳи «H»: Кореяи Шимолӣ, Тайланд, Сингапур, Камбоҷа.

Гурӯҳи «I»: Кореяи ҷанубӣ, Чин, Тайван, Макао.

Гурӯҳи «J»: Австралия, Ветнам, Мянмар, Гуам.

Гурӯҳи «K»: Ҷопон, Ҳонконг, Бруней, Муғулистон.

Қуръакашии даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 байни ҷавонон (U-19):

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «A»: Узбакистон, Бангладеш, Покистон, Шри-Ланка (мизбон), Бутан.

Гурӯҳи «B»: Яман, Арабистони Саудӣ (мизбон), Туркманистон, Сурия.

Гурӯҳи «С»: ИМА, Фаластин (мизбон), Ҳиндустон, Афғонистон.

Гурӯҳи «D»: Қатар (мизбон), Умон, Лубнон, Қирғизистон.

Гурӯҳи «E»: Эрон (мизбон), Кувайт, Урдун, Непал.

Гурӯҳи «F»: Ироқ, Баҳрайн, Молдив, Тоҷикистон (мизбон).

Минтақаи Шарқ

Гурӯҳи «G»: Мянмар, Ветнам, Ҳонконг, Бруней, Тимори Шарқӣ.

Гурӯҳи «H»: Тайланд, Кореяи ҷанубӣ, Сингапур, Тайван, Ҷазоири Мариани Шимолӣ.

Гурӯҳи «I»: Кореяи шимолӣ, Чин, Малайзия, Макао.

Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Австралия, Филиппин, Лаос.

XS
SM
MD
LG