Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаҳои Исмат Абдуллоев дар риштаи самбо (11 АКС)


Аввалин мусобиқаи кушода оид ба самбо байни наврасон барои ҷоизаҳои Исмат Абдуллоев, мураббии варзида, шоми 31 май ба поён расид.

Аввалин мусобиқаи кушода оид ба самбо барои ҷоизаҳои Исмат Абдуллоев, поягузори ин намуд дар Тоҷикистон, рӯзҳои 30-31 май дар шаҳри Душанбе, дар толори Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштӣ” бо ширкати беш аз 250 навраси 17-18-сола аз манотиқи мухталифи кишвар дар 10 вазн баргузор шуд.

Дар шаш вазн варзишгарони Душанбе - Маҳмадризо Қувватов (48 кг), Зафар Алиев (56 кг), Раҳматулло Фарҳодов (70 кг), Ёқуб Назиров (75 кг), Меҳрунӯши Иззатшо (81 кг) ва Хуршед Маҷидов (+87 кг) ғолиб шуданд. Дар чаҳор вазни дигар намояндагони вилояти Хатлон - Фирдавс Мирзоев (52 кг), Баҳром Сӯфиев (60 кг), Умед Муҳиддинов (65 кг) ва Аминҷони Насим (87 кг) – ҷойҳои аввалро гирифтанд.

Ба варзишгароне, ки ҷойҳои 1-3-юмро ишғол карданд, медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳо супурда шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа:

Вазни 48 кг

1.Маҳмадризо Қувватов (Душанбе)

2.Масрур Кӯканшоев (Душанбе)

3.Муҳаммад Раҳимов (Душанбе)

3.Идибек Сафаров (Душанбе)

Вазни 52 кг

1.Фирдавс Мирзоев (Хатлон-2)

2.Сомон Сангов (Ёвон)

3.Акмал Давлатов (Душанбе)

3.Сорбони Илҳом (Хатлон-2)

Вазни 56 кг

1.Зафар Алиев (Душанбе)

2.Азамат Мирзоев (Душанбе)

3.Муталиб Акобиров (Душанбе)

3.Алиҷони Насим (Душанбе)

Вазни 60 кг

1.Баҳром Сӯфиев (Хатлон-2)

2.Баҳром Ибодов (Душанбе)

3.Маҳмадшариф Наҷмиддинов (Файзобод)

3.Аминҷон Иброҳимов (Душанбе)

Вазни 65 кг

1.Умед Муҳиддинов (Хатлон-1)

2.Идибек Раҳимов (Ёвон)

3.Ноиб Шеров (Душанбе)

3.Наврӯз Шамсуллоев (Душанбе)

Вазни 70 кг

1.Раҳматулло Фарҳодов (Душанбе)

2.Алӣ Шарифов (Душанбе)

3.Аминҷон Назаров (Душанбе)

3.Субҳиддин Шамсиддинов (Ёвон)

Вазни 75 кг

1.Ёқуб Назиров (Душанбе)

2.Қадриддин Гадоев (Душанбе)

3.Аминҷон Маҳмадов (Хатлон-2)

3.Расул Саидов (Душанбе)

Вазни 81 кг

1.Меҳрунӯши Иззатшо (Душанбе)

2.Алишер Ғафуров (Душанбе)

3.Осимҷон Алиев (Хатлон-2)

3.Меҳрубон Идрисов (Душанбе)

Вазни 87 кг

1.Аминҷони Насим (Кӯлоб)

2.Эмом Камолов (Душанбе)

3.Зиннатшо Аҳмадов (Душанбе)

3.Шариф Назриев (Кӯлоб)

Вазни +87 кг

1.Хуршед Маҷидов (Душанбе)

2.Муҳаммад Фарҳодов (Душанбе)

3.Мӯсо Меликов (Душанбе)

3.Маҳмадризо Қурбонов (Душанбе)

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Хидмати Исмат Абдуллоев дар рушди гуштии миллӣ, самбо ва дзюдо дар Тоҷикистон хеле назаррас аст. Вай дар муддати беш аз 45 соли фаъолияти мураббигиаш садҳо устодони варзиш ва даҳҳо устодони варзиши дараҷаи байналмилалиро ба воя расондааст. Яке аз шогирдонаш – Саидмуъмин Раҳимов – соли 1975 ба унвони баланди қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо мушарраф шудааст. Зимнан, то имрӯз дар риштаи самбо касе ба пояи ин шогирди ӯ нарасидааст. Исмат Абдуллоеви 71-сола имрӯз ҳам дар тарбияи шогирдон хидмат намуда, яке аз тарғибгарони фаъоли тарзи ҳаёти солим мебошад”.

Чунон ки сардовари ин мусобиқа Носир Бозоров, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Рустам Давлатов, мудири Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштӣ, дар маросими ифтитоҳи ин мусобиқа иброз доштанд, мусобиқаи кушода оид ба самбо барои ҷоизаҳои Мураббии шоистаи Тоҷикистон Исмат Абдуллоев минбаъд анъанавӣ гардида, ҳар сол моҳи май бо ширкати гуштигирони ҷавон аз ҳамаи манотиқи кишвар баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG