Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи самбо барои ҷоизаҳои Исмат Абдуллоев


Рӯзҳои 30-31май дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии самбо барои ҷоизаҳои Исмат Абдуллоев, поягузори ин намуд дар Тоҷикистон, баргузор мешавад.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии самбо барои ҷоизаҳои Исмат Абдуллоев, поягузори ин намуд дар Тоҷикистон, рӯзҳои истироҳат - 30-31май - дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ин мусобиқа дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштӣ (Манеж) бо ширкати беш аз 100 навраси 16-18-сола аз манотиқи мухталифи кишвар дар 10 вазн сурат мегирад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 29 май хабар дод. Вай афзуд, “Хидмати Исмат Абдуллоев дар рушди гуштии миллӣ, гуштии озод, самбо ва дзюдо дар Тоҷикистон хеле назаррас аст. Вай дар ин намудҳои варзиш борҳо ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст. Вале Исмат Абдуллоев, аслан, ҳамчун мураббии гуштӣ маъруф аст. Вай дар муддати беш аз 45 соли фаъолияти мураббигиаш садҳо устодони варзиш ва даҳҳо устодони варзиши дараҷаи байналмилалиро ба воя расондааст. Яке аз шогирдонаш – Саидмуъмин Раҳимов – соли 1975 ба унвони баланди қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо мушарраф шудааст. Дарвоқеъ, то имрӯз дар риштаи самбо касе ба пояи ин шогирди ӯ нарасидааст”.

Исмат Абдуллоеви 71-сола имрӯз ҳам дар тарбияи шогирдон хидмат намуда, яке аз тарғибгарони фаъоли тарзи ҳаёти солим мебошад.

XS
SM
MD
LG