Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии "Равшан"-и Кӯлоб бар ССКА "Помир" дар Душанбе


​Се бозии даври ҳафтуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми шанбеи 23 май ба поён расид.

Се бозии даври ҳафтуми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми шанбеи 23 май натиҷагирӣ шуд. «Равшан»-и Кӯлоб дар меҳмонӣ бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3-2 ғалаба кард. Қисми аввали бозӣ ба фоидаи футболбозони “Равшан” бо ҳисоби 2-0 хотима ёфт.

Голҳоро Наврӯз Рустамов ва Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронӣ, ба самар расонданд. Голи севуми меҳмононро Ҳусейни Сӯҳробӣ дар оғози нимаи дувум зад. Баъдан ду бор Давронҷон Тухтасунов (голи дувумаш аз пеналтӣ), ҳамлагари мизбонон, тӯбро ба дарвозаи “Равшан” ворид кард. Зимнан, ин ғалабаи севуми “Равшан” ба шумор меравад, Се имтиёз ба кӯлобиҳо имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқа як зина боло шаванд (ҷойи 5-ум).

«Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ аз «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд. Дарвоқеъ, “Парвоз” ягона дастаест, ки ҳамаи 7 бозии имсоларо бохтааст ва то ҳоло ягон гол назадааст. Истаравшаниҳо бошанд, баъди ин пирӯзӣ дар ҷалвал як зина боло шуданд (ҷойи 6-ум).

Бозӣ байни дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа – “Барқи тоҷик”-и Душанбе бо ҳисоби 0-0 хотима ёфт. Мавқеи ҳарду даста дар ҷадвали мусобиқа тағйир наёфт.

Бозии дигари даври ҳафтум рӯзи якшанбеи 24 май байни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд – «Хайр»-и Ваҳдат барпо мегардад.

Ба иттилои Лигаи миллии футболи Тоҷикистон бозии даври ҳафтум байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бинобар омодагии қаҳрамони Тоҷикистон ба бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми AFC бо тими “Ал-Ваҳда”-и Сурия (26 май дар Душанбе), аз 24 май ба рӯзи ҷумъаи 29 май гузаронида шудааст.

Дар ҳамин ҳол “Истиқлол”, ки дар ҳамаи шаш бозӣ ғалаба кардааст, бо 18 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал қарор дорад.“Хайр” бо 13 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Регар-ТадАЗ” бо 12 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум

«ПАРВОЗ» — «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — 0:1

Гол: Шероз Абдуллоев, 78 – ба дарвозаи худ.

ССКА «ПОМИР» — «РАВШАН» — 2:3

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 14 (0:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 43 (0:2). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 50 (0:3). Давронҷон Тухтасунов, 60 (1:3). Давронҷон Тухтасунов, 69 –аз пеналтӣ (2:3).

«ВАХШ» — «БАРҚИ ТОҶИК» — 0:0

24 май (якшанбе)

Оғози бозӣ — соати 17:00

«ХУҶАНД» — «ХАЙР»

29 май (ҷумъа)

Оғози бозӣ — соати 17:00

«ИСТИҚЛОЛ» — «РЕГАР-ТАДАЗ»

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

6

6

0

0

27-2

18

2

«Хайр» (Ваҳдат)

6

4

1

1

12-8

13

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

6

3

3

0

11-6

12

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

6

3

2

1

9-5

11

5

«Равшан» (Кӯлоб)

7

3

1

3

10-15

10

6

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

6

2

2

2

7-5

8

7

ССКА «Помир» (Душанбе)

7

2

1

4

5-11

7

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

7

1

3

3

2-7

6

9

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

6

1

1

4

3-11

4

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

7

0

0

7

0-16

0

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 5 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Ҳусейни Сӯҳробӣ («Равшан») – 4-тӯбӣ, Наполеон Андох («Хайр»), Ҳасан Рустамов («Хуҷанд»), Комил Саидов, Комрон Турсунов (ҳарду– «Регар-ТадАЗ»), Бледа Родригес («Истиқлол»), Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир») – 3-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG