Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавон Хуршед Маҷидов: Ҳаққи мағлуб шуданро надоштам


Паҳлавони тоҷик Хуршед Маҷидов, ки то ҳол дар чандин мусобиқаҳои байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро барафроштааст, орзу дорад, барои кишвар медали Бозиҳои олимпиро низ биёрад.

Хуршед Маҷидов, паҳлавони 17-солаи тоҷик, ки 100 кило вазн дорад, тӯли шаш соли ахир дар 6 сабқати байналмилалӣ ширкат карда ва дар 4 сабқат барандаи мақомҳои ифтихорӣ шуд. Аз ҷумла, ӯ соли ҷорӣ як медали тило, ду медали нуқраи ва Ҷоми Аврупоро касб кард.

Хуршед мегӯяд, "вақте дар Ҷоми Аврупо ширкат мекардам, ҳамин гуна тасаввур доштам, ки мухлисон дар симои ман 8 миллион мардуми Тоҷикистонро медиданд. Аз ин рӯ, ҳаққи мағлуб шуданро надоштам ва ҳадаф танҳо пирӯзӣ буд. Дар ду моҳи ахир, ки дар сабқатҳои Ҷоми Аврупо ширкат мекардам, мақсадам медали тило буд, ки дар ниҳоят онро баранда шудам."

Ҳанӯз дар кӯдакӣ, ҷои бозиҳои кӯдаконаи Хуршедро, кимано ё либоси варзишӣ ва майдони ҳарб иваз намуд. Ӯро падараш дар ҷодаи паҳлавонӣ роҳбалад буд ва барои пирӯзиҳои фарзандон ва рушди варзиш толор бунёд кард ва аз як наврас, паҳлавон тарбият намуд.

Хуршед ёдовар мешавад, ки "замони кӯдакӣ аз тариқи телевизион паҳлавонони тоҷик Саидмуъмин Раҳимов, Набимуҳаммад Хоркашев, Расул Боқиевро, ки ҳар яке парчамбардори Тоҷикистонанд, медидам, лаззат мебурдам ва орзу мекардам, ки мисли онҳо номвар шавам."

Мураббии Хуршед талошҳои фарқкунанди ӯ аз дигар шогирдонро барои расидан ба ҳадафҳои бузургтар, эҳсос кардааст. Бар иловаи тамринҳои умумӣ, мураббӣ бо Хуршед тамрин ва ҷузъиёти хосаи дзюдоро меомӯзад ва бар ин аст, ки шогирдаш таҳаммули бардошти ҳар мушкилиро дорад: "Ман умед дорам, ки дар оянда Хуршед, мисли ҳозира, дар мусобиқоти бузургсолони сатҳи ҷаҳонӣ низ медал ба даст биёрад."

Хуршед бар иловаи тамринҳои давомдор ва ширкат дар мусобиқоти дохиливу байналмилалӣ, дар соли ахири Литсейи технологии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва тасмим дорад, таҳсилро дар бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома диҳад. Аммо ҳадафи аслӣ ва орзуи бузургаш, ба даст овардани медали тиллои Бозиҳои олимпӣ аст.

Хуршед Маҷидов дар орзуи қаҳрамонии ҷаҳон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00

XS
SM
MD
LG