Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии духтарони муштзани тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс байни духтарон дар Тайван аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс байни духтарони синнашон 15-16-сола ва 17-18-сола дар Тайван аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд. Дар ин сабқати ҷаҳонӣ, ки то 24 май идома хоҳад кард, 297духтари муштзан аз 44 кишвар ширкат дорад.133 нафар дар сабқати духтарони 15-16-сола ва 164 нафар дар сабқати духтарони 17-18-сола қувваозмоӣ мекунанд.

Мирзо Шамсиев, сармураббии мунтахаби бокси Тоҷикистон, имрӯз, 21-уми май, ба Радиои Озодӣ аз Тайван хабар дод, ки варзишгарони тоҷик ба даври ниманиҳоӣ, ки 22 май баргузор мешавад, роҳ ёфта натавонистанд. Вай афзуд, “дар сабқати духтарони 15-16 сола дар вазни зери 46 кило Сумая Қосимова дар даври аввал бар рақибаш Роза Азановиж аз Лаҳистон пирӯз шуд, вале дар даври дувум аз Бейза Саракоглу аз Туркия шикаст хӯрд ва дар натиҷа ҷойи 5-умро соҳиб гашт”.

Ба иттилои ҷаноби Шамсиев, дар сабқати духтарони 15-16 сола, инчунин ду варзишгари дигари тоҷик - Аҳдия Саидова дар вазни зери 52 кило аз Ҷайвей Хуанг (Чин) ва Идимоҳ Холова дар вазни зери 60 кило аз Донжета Садику (Косово) – дар даври муқаддамотӣ мағлуб гаштанд.

Дар сабқати духтарони 17-18 сола бошад, узви мунтахаби Тоҷикистон Мижгона Бобоева дар вазни зери 69 кило аз Парасчива Паску аз Руминия шикаст хӯрд.

Ба гуфтаи Мирзо Шамсиев, духтарони муштзани тоҷик ба иллати камтаҷрибагӣ натавонистанд бар рақибони пурқуввати худ дастболо шаванд, вале онҳо аз ин сабқати ҷаҳонӣ таҷоруби хуби байналмилалӣ касб карданд, ки дар оянда барояшон ба кор меояд.

XS
SM
MD
LG