Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Риоев: Ҳоҷат ба афзоиши нирӯ дар марз бо Афғонистон нест


Муовини аввали раиси вилояти Бадахшон гуфт, таҳаввулоти Афғонистонро мақомоти тоҷик ҷиддӣ мегиранд, вале ҳар лаҳза омода ҳастанд марзҳои Тоҷикистонро аз ҳама гуна таҳдидҳои эҳтимолӣ эмин нигоҳ доранд.Нуралӣ Риоев, муовини аввали раиси вилояти Бадахшон дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар вилоят мавсими кишт ҷараён дорад, мардум аз паи кору зиндагӣ буда, вазъият ором аст. “Албатта, мо ҳам аз хабарҳо огаҳ ҳастем, ки дар Бадахшони Афғонистон ноамнӣ аст, баъзе гурӯҳҳо вазъро ноором мекунанд, аммо бояд таъкид кунем, ки ин ҳодисаҳо ба вазъи Тоҷикистон, махсусан ба вазъи вилояти Бадахшон тасиргузор нестанд. Марз мисли ҳамеша зери назорати қатъӣ аст”, гуфт ӯ. Ба иттилои Риоев, мақомот дар фикри тақвияти бештари марз ё ворид кардани нирӯ ба минтақа нестанд. “Нигарониро аз вазъи Афғонистон мо ҳамеша эҳсос мекунем. Вазифаи мо аз ин ҷо таъмини амнияти мардум ва сарҳад аст. Ман боварии комил дорам, кимо ин корро ба анҷом расонида метавонем”, гуфт ӯ. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, “бепарво шудан мумкин нест, ҳам мо, мардуми мо ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъро дар Афғонистон хуб дарк мекунад. Вале ҳоҷат барои афзоиши нирӯ дар марзҳои вилоятиБадахшон бо Афғонистон вуҷуд надорад.Тоҷикистон метавонад худро дифоъ кунад ва дар ҳолати зарурӣ мо метавонем сарҳадро дар ҳама гӯшаву канори кишвар бубандем, то таҳдиде ба мардуми мо нашавад”, гуфт ӯ.

Ҳафтаҳои охир дар матбуот хабарҳо дар бораи афзоиши задухӯрдҳои нирӯҳои ҳукуматӣ бо гурӯҳҳои шӯришии Толибон дар Бадахшони Афғонистон нашр мешаванд. Тибқи баъзе хабарҳо, ноамниҳо дар чанд вулусволии Бадахшон ва ҳам Кундузу Тахор мушоҳида мешаванд ва дар матуботи тоҷик гоҳе сару садое дар масъалаи муташанниҷ шудани вазъ дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон ба гӯш мерасад.Вале мақомоти тоҷик аз оғоз гуфтаанд, ки ин таҳдидҳоро ҳарчад ҷиддӣ мегиранд, вале нирӯҳои шӯриширо намегузоранд хоки Тоҷикистонро убур кунанд.

XS
SM
MD
LG