Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии дзюдои Осиё


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё дар Кувайт ду медал ба даст оварданд.

Гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё, ки рӯзҳои 13-14 май дар Кувайт баргузор шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа 210 варзишгар (129 мард ва 81 зан) аз 31 кишвар иштирок дошт. Ба ҳайати мунтахабиТоҷикистон ҳафт варзишгар шомил буд.

Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило пас аз ду ғалаба бар Муҳаммад Махтуб (Фаластин) ва Ислом Бозбоев (Қазоқистон), дар даври ниманиҳоӣ аз Даики Нишияма (Ҷопон) мағлуб гашт. Баъдан Комроншоҳбарои ҷойи севум бар Хинзао Ченгаз Чин ғолиб омад вабо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.

Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Кай Ҳу (Чин), дар даври дувум аз Максим Раков(Қазоқистон) мағлуб гашт. Баъдан ӯ бар Ҷавод Маҳҷуб (Эрон) ғолиб омад ва барои ҷойи севум Рамзиддин Саидови узбакистониро шикаст дода, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, ки дар даврҳои муқаддамотӣ бар Муборак Алинезӣ (Кувайт) ва Йерҷон Шинкеев (Қазоқистон) пирӯз шуд, дар даври ниманиҳоӣ қувваозмоиро ба Юрий Краковетский (Қирғизистон) бохт. Сипас Муҳаммадмурод барои ҷойи севум аз Кента Нишигата (Ҷопон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро касб кард.

Се паҳлавони дигари тоҷик Хушқадам Хусравов дар вазни зери 60 кило, Умед Абдураҳимов дар вазни зери 66 кило ва Шӯҳратҷони Фархизода дар вазни зери 73 кило баъди як пирӯзӣ дар даври дувум аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд. Фарҳод Раҳимов бошад, дар вазни зери 81 кило дар аввалин қувваозмоӣаз Владимир Золоеви қирғизистонӣ шикаст хӯрд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопн бо касби 14 медал (6 тилло, 3 нуқра ва 5 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Кореяи ҷанубӣ (3-3-4) ҷойи дувум ва мунтахаби Муғулистон (2-2-3) ҷойи севумро гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 2 медали биринҷӣ ва як ҷойи панҷум ҷойи 10-умро соҳиб шуд ва аз 21 кишвар пеш гузашт.

Қаҳрамонони нави Осиё оид ба дзюдо:

- 60 кг - Вон Ҷин Ким (Кореяи ҷанубӣ), - 66 кг -Томофуми Такаҷо (Ҷопон), - 73 кг -Чангрим Ан (Кореяи Ҷанубӣ), - 81 кг -Кеита Нагашима (Ҷопон),- 90 кг -Донг Ҳан Гвак (Кореяи ҷанубӣ), - 100 кг -Каиҳан Такаҷӣ (Ҷопон),+100 кг- Абдулло Тангриев (Узбакистон).

XS
SM
MD
LG