Доварони бозии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Аҳал”-и Туркманистон, ки шаби чоршанбеи 13 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, аз Бангладеш мебошанд.
Довари ФИФА Тайиб Ҳасан Шамсуззамони 45-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Вай аз соли 1999 бозиҳои байналмилалиро доварӣ мекунад. Ӯ ду бор сардовари бозиҳо бо ширкати футболбозони тоҷик буд. Соли 2008 дар сабқати гурӯҳии Ҷоми даъвати AFC бозии байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон (1:0), инчунин соли 2011 бозии тимҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Умонро (1:3) ба ҳайси сардовар ҳакамӣ кардааст.
Фирдавс Аҳмад ва Мунир Аҳмад Дҳалӣ, ҳамватанони Тайиб Ҳасан Шамсуззамон, ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Мизанур Раҳмони бангладешӣ вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Носир Ал-Ғаффорӣ аз Урдун нозири доварон ва Лиу Чжин Сонг аз Чин комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “С” “Ал-Қодсия”-и Кувайт имшаб дар майдони худ бо “Эрбил”-и Ироқ рақобат мекунад. Ҳарду бозӣ дар як вақт - соати 20:45 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.
Баъди натиҷагирии панҷ даври сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “С” дастаи “Ал-Қодсия” бо 10 имтиёз ((таносуби тӯбҳояш - 6-4) пешсаф аст. “Истиқлол” бо 8 имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 7-6) дар ҷойи дуюм ва “Аҳал” бо 6 имтиёз (5-9) дар ҷои сеюм қарор доранд. “Эрбил” бо 4 имтиёз (6-7) дар ҷойи охирин – чорум - мебошад.
Ба ин тартиб, “Ал-Қодсия”, барандаи Ҷоми AFC-2014, пешакӣ ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфтааст. Кувайтиҳо, ки дар даври охирини сабқати гурӯҳӣ дар майдони худ бо «Эрбил» бозӣ мекунанд, барои ҷойи аввал дар гурӯҳи “С” мубориза мебаранд. Вале “Эрбил” сарфи назар аз натиҷаи бозиҳои даври охирин аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт.
Барои роҳхати дувум ба даври ҳаштякниҳоӣ “Истиқлол” ва “Аҳал” талош мекунанд. Ба “Истиқлол” барои ба ҳаштякфинал баромадан бозии охиринро бо “Аҳал” мусовӣ кардан басанда аст. Вале “Аҳал”-ро танҳо ғалаба қаноатманд хоҳад кард. Ва аммо футболбозони тоҷик имкони дар гурӯҳ ғолиб шуданро низ доранд, ба шарте ки “Аҳал”-ро шикаст диҳанд ва кувайтиҳо бозиро бо ироқиҳо мусовӣ кунанд ва ё бой диҳанд.
Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"
Даври 1-ум
25 феврал (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ) – 1-3
«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Аҳал» (Туркманистон) – 2-0
Даври 2-юм
11 март (чоршанбе)
«Аҳал» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 1-2
«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) - 0-1
Даври 3-юм
18 март (чоршанбе)
«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) - 2-2
«Аҳал» (Туркманистон) – «Эрбил» (Ироқ) - 2-1
Даври 4-ум
15 апрел (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт)-2-0
«Эрбил» (Ироқ) – «Аҳал» (Туркманистон) -2-3
Даври 5-ум
29 апрел (чоршанбе)
«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 0-0
«Аҳал» (Туркманистон) – «Ал-Қодсия» (Кувайт) – 0-1
Даври 6-ум
13 май (чоршанбе)
Оғози бозиҳо – соати 20:45
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Аҳал» (Туркманистон)
«Ал-Қодсия» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)